Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барои ин, ки забони миллӣ ва миллатро ба ин дараҷаи хорӣ расонидем, бўҳрони умумӣ ва душвориҳои иқтисодиро узр овардан

  • узри бадтар аз гуноҳ хоҳад буд. Ҳар чи ҳаст, аз пастии ҳиммати худи мост. Хориву зорӣ дар замони шўравӣ сар шуда ба авҷи аъло расида буд. Бо фаро расидани истиқлол бояд ҳамияти миллӣ, ҳамияти инсонӣ ба ҷунбиш биёяд, то ки худро аз ҳоли табоҳ бираҳонем.
    Сахтгириҳои идеологияи миллатзудои шўравӣ марги ҳамият, марги ҳиммати баланд буд, худшиносии милливу маънавиро кунд кард. Лекин имрўз дар сари роҳи истиқлол бояд бигўем:

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рўзгор
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Оре, парчами ҳиммату ҳамияти инсонӣ ва миллиро бояд баланд бардорем, то ба сарманзили мақсуди халқ бирасем.
Сарманзили мақсуди мо - сарманзили маданияти баланд ва маънавияти олист. Роҳи он аз забон, аз саводи ҳақиқӣ сар мешавад.
Барои ин ки ин ҳақиқат дарк шавад, аз қайду банди пиндорҳои ботили пештара берун ҷаҳида, тозафикрӣ омўхта, ба сари андешаи миллӣ омадан даркор аст.
Бозрасидан ба забони софу равону иқтидорманд, ба ҳамон форсии дарӣ ҳаммаънои расидан ба як маънавияти олист, ки моро ҳама умр сарбаланд дошт. Албатта он форсии дарии таърихӣ имрўз хеле дигар шудааст ва маънавияти олӣ низ имрўз хеле маънии дигар дорад. Аммо гузашта чароғи роҳи оянда аст. Аз заминаи таърихии забону маънавияти худ нумўъ кунем, ба фарҳанги имрўзу фардо метавонем расид. То ба забону фарҳанги худ нарасем, ба забону фарҳанги дигарон даст нахоҳем ёфт. Қонуни зиндагӣ ҳамин аст:
худшиносии милливу маънавӣ ба сўи шинохти дигарон мебарад ва шинохти ҷаҳон боз ба сари шинохти хештан меорад. Худҷуиву худрасй он гоҳ ба худогоҳӣ ноил месозад, ки нигоҳи шахс на танҳо ба худ, балки ҳамеша ба худ ва дигарон нигаронида шуда бошад, ҳамеша аз худ ба муҳит, аз муҳит ба худ гузарад.

пешина
аз 351
навбатӣ