Хуросон аст ин ҷо

Порлумони мо аз нишони миллӣ як рамзи анъанавии маънавии мо - сурати шерро берун андохта, ба ҷои он ниҳоли пахтаро, ки ҳеҷ гоҳ ба қатори рамзҳои маънавии мардуми мо дохил нашуда буд ва аз моддиёт гирифта шудааст, дохил кард, яъне моддиётро аз маънавият афзалтар донист.
Ин тарз бар зидди аломатҳои миллияту маънавияти мардум овоз додани аъзои порлумон дигар мисолҳо ҳам дорад. Инҳо ҳама намунае аз миллиятзудоӣ ва маънавиятпарҳезист1.
Миллатҳаросӣ, миллиятпарҳезӣ ва маънавиятгурезӣ ҳама як маъно доранд, аз ҳам дур нестанд. Ҳама аз инкори арзиши фардияти инсон ва моҳияти инсонии шахс сар задаанд. Ҳама дар замони шўравӣ аз кўшишҳои саркўбии миллатҳо, аз саркўбии ҳувиятҷўӣ ва вежагии нотакрори ҳар шахсу ҳар ҷомеа, аз моддигароӣ ва маънавиятбезорӣ ба ҳосил омада буданд ва мероси он замонанд. Ин ҳам маълум аст, ки аксари мероси шўравӣ зоғи бадмур аст ва заҳри он дер гоҳ аз сиришти мо нахоҳад рафт.
Миллиятҳаросӣ ва маънавиятзидоии замони шўравӣ солҳо аз монеъаҳои асосии рушду камоли шахс ва ҷомеа буд. Ин ҳар ду бартараф гардад, барои инкишофи забони миллӣ ва боло бурдани сатҳи фарҳангиву маънавии ҷомеа роҳ кушода хоҳад шуд. Ҳоло роҳ баста аст. Гап дар ин нест, ки ҳоло ҷомеа барои пешбурди мактабу маориф, забону адабиёт, фарҳангу маънавият имконоти моддӣ кам дорад. Гап дар ин аст, ки ҷомеа зарурати боло бурдани сатҳи саводу фарҳангро дарк накардааст. Он ҳақиқат ҳанўз дарк нашудааст, ки забони миллӣ ҳоли табоҳ дорад, дар ватани худ хору зор аст.
1 Дар ин бора ниг.: М. Қаноат, М. Шукуров, Р. Амонов, Лоиқ ва дигарон. Соҳиби ин забон кист? «Чумҳурият», 3 сентабри 1994.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо