Хуросон аст ин ҷо

Ҷадидони маорифпарвар нахустин бор аз зарурати боло бурдани сатҳи савод ва фарҳангу маънавият, ахлоқу одоб ва одамият сухан сар карданд ва қадамҳои амалӣ пеш гузоштанд.
Онҳо барномаи навсозии маорифпарваронаи ҷомеаро пеш гузоштанд, ки мутаассифона иҷро ношуда монд. Инқилоб доираи масъалаи саводу фарҳангро тангтар гирифта ва аз ҷанбаи маънавӣ маҳрум сохта ба чорчўбаи синфию табақотӣ ҷой кардан хост ва ба он бо чашми зоҳирбинӣ ва саҳлангорӣ нигоҳ андохт. Маъракаи «маҳви бесаводӣ» асосан бо ёд гирифтани навишти номи худ поён ёфт, «инқилоби маданӣ» низ бештар бо ҷорӣ кардани маданияти зоҳирӣ махдуд шуд, ҷомеаро ба сарҳадди фарҳанги баланди маънавӣ нарасонид. Чунин «инқилоби маданӣ» аз он ниятҳои равшангарӣ, ки маорифпарварон доштанд, хеле дур буд. Шояд аз ҳамин сабаби «ба мақсад норасиданҳо» бошад, ки устод Айнӣ дар дами марг ин мисраъҳоро, ки аз мухаммаси худаш бар ғазали Ҳофиз аст, гирён-гирён ба лаб оварда буд.1
Мурд Айнӣ, дарди ў бинҳуфта монд,
Толеъи носозгораш хуфта монд,
Ғунчаи уммедҳо нашкуфта монд,
Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,
Эй дареғ, аз роздорон ёд бод!
Имрўз зарур аст, ки он «дарди бинҳуфта» ошкор ва он «толеъи носозгори хуфта» бедор шавад, он вазифаҳои бузурги иҷтимоъӣ, ки иҷро нашуда ё нопурра иҷро шуда буданд, ба иҷро расанд.
Бунёдкории даврони истиқлол бояд аз ислоҳи ҷиддии мактабу маориф, аз баланд бурдани сатҳи саводу забондонӣ, фарҳангу маънавият, ахлоқу одоб ва одамият оғоз ёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо