Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Марҳилаи ҳозираи таърихи тоҷикон - давраи истиқлол низ боиси фаъол шудани публисистикаи таърихӣ гардид. Мақолаи бисёре ба чоп расид, ки як қисми онҳо дар ду маҷмўаи «Дарси хештаншиносӣ» (қ. 1 - 1989, к. 2 - 1991) гирд омадаанд.
Мубоҳисаҳое, ки дар бораи вазъи забони миллӣ, дар бораи зарурати мақоми расмии давлатӣ гирифтани он ва таъмини заминаи зарурии амали иҷтимоъии ҳамаҷонибаи забони давлатӣ хеле ба тундӣ давом кард (1985-1990) ва идомаи он ҳанўз гоҳ-гоҳе ба назар мерасад, бо далелу бурҳони илмӣ ва оҳанги публисистӣ ба шуури миллӣ таъсир расонид.
Чандин ҷашни фарҳангӣ, ки пас аз расидан ба истиқлол дар Тоҷикистон баргузор шуд, барои пешрафти илми таърих ва таърихи адабиёт мусоъидат кард. Ба хусус ҷашни ҳазораи давлати Сомониён, ҳазору бисту панҷсолагии Ибни Сино, ҳазору саду панҷоҳсолагии Рўдакӣ, ҷашни Фирдавсӣ, Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлавӣ Ҷалолиддини Румии Балхӣ, Носири Хусрав барои густариши пажўҳиши домандори илмӣ, барои такомули ёди фарҳангии миллат сабаб шуд.
Ҷаноби Олӣ Эмомалии Раҳмон – Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин пажўҳиши мукаммали илмӣ дар таърихи мардуми тоҷик анҷом дод. Дар китобҳои ў бисёр масъалаҳои муҳимми таърихи аҳди бостон ва даврони оли Сомон ҳамаҷониба баррасӣ шудааст, таърихи тоҷикон бо назардошти таҷрибаи таърихии нав, ки дар даврони истиқлол ба даст омад, аз бинишгоҳи пешвоне, гирифтааст, арзёбӣ гардид. Нигаристан аз ин дидгоҳи баланд имкон дод, ки моҳияти таърихии баъзе давраҳои бештар созвор ба манфиатҳои миллии замони истиқлол маънидод шавад.
Эҳтимол меравад, ки илм, хусусан илми таърих минбаъд бештар фаъолият густариш хоҳад дод. Ба ҳар ҳол дар марҳилаи ҳозираи таърихӣ зиёда зарур аст, ки илм беш аз пеш кўшо шавад.
Чунин зарурати таърихӣ пеш омадааст, ки илм барои ҳалли масьалахои бузурги рўз, барои таъини роҳҳои инкишофи минбаъдаи миллат, барои муайян шудани ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳои маънавӣ, барои ташаккули худшиносии нави тоҷикон ёрмандӣ кунад.

пешина
аз 351
навбатӣ