Хуросон аст ин ҷо

Ҳоло бори вазифаҳои иҷтимоъи дар дўши илм зиёдтар шудааст. Асоси илмии пажўҳишро суст накарда, балки бештар қувват дода, дар айни замон оҳанги иҷтимоъии онро тавон бахшидан лозим меояд, то барои иҷрои вазифаҳои таърихӣ бештар таъсир дошта бошад. Ҳоло ҷомеа ба илмӣ асили публисистӣ эҳтиёҷ дорад.
Агар имрўз зарур омадааст, ки манфиатҳои кунунии миллатро бо амиқбинӣ муайян кунем, лозим аст, ки сарнавишти таърихии миллат амиқан ба андеша гирифта шавад, идеалҳои иҷтимоъӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва ахлоқии вай, ки решаҳои амиқрафтаи таърихӣ доранд, гаштаву баргашта ҳартарафа ба санҷиш оянд, то ки худогоҳии миллат амиқтар равад ва мардум бо огоҳӣ аз худ ба сўи фардо қадам гузоранд.
Оре, фароҳам овардани заминаи илмии худшиносии миллат лозим омадааст. Барои ин ки пояҳои худшиносии иҷтимоъии таърихӣ, фарҳангиву маънавӣ, ахлоқӣ, фалсафиву динии тоҷикон бештар аз пештар устувор шавад, зарур омадааст, ки илм ба хизмати ҷомеа камар бандад.
Муаллифи ин китоб, ки ҳоло ба даст гирифтаед, чандон даъвои илмӣ надорад. Бисёр чизҳое, ки дар ин китоб мавриди баҳс омадаанд, ба аҳли илм ошкоранд. Бо вуҷуди ин гўшрас овардани онҳо зарур дониста шуд. Дар асоси он чи дар илм маълум аст, инчунин бо ҷалб кардани мадорике, ки шояд ҳанўз кам мавриди мулоҳизоти донишмандон қарор ёфтаанд ва ҳатто ба сабабҳое дар бархе навиштаҳо аз онҳо чашм пўшидаанд ва ё баъзеҳо бо нияти норавое ба маънидоди таҳрифкоронаи онҳо кўшидаанд, дар бораи сарнавишти тоҷикони Осиёи Миёна
андешаҳое ба диққати хонандагони азиз расонидан мехоҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё