Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Миллате ки худро бишнохт, хоҳад донист, ки муҳити зисти хоси ў кадом аст, чи гуна буд ва чи гуна бояд бишавад. Дар ҳар марҳилаи таърих ин шинохти хештан амиқтар меравад, донистаҳои миллат дар бораи хислату хусусиятҳои худ ва чигунагии муҳити зисти худ такомул меёбад. Дар охири садаи бист ва оғози садаи бисту як чунин марҳилаи таърих фаро расид, ки миллати точикро зарур аст хештаншиносиро амиқ барад, хосиятҳои зисти таърихии худро муайян созад ва бидонад, ки минбаъд зистгоҳи иҷтимоъии ў чи гуна бояд бошад.
Чунин худшиносии таървхии маънавӣ ба дастовардҳои илм такя дорад. Пояи илмии худшиносии миллӣ ҳар чи устувортар бошад, мазмуну мўҳтавои иҷтимоъии он мукаммалтар хоҳад буд.
Аз ин ҷост, ки дар муҳимтарин давраҳои рушди иҷтимоъӣ илми таърих фаъол мешавад. Дар охирҳои садаи нуздаҳ ва аввалҳои садаи бист, ки дар натиҷаи истилои Русия ҷангҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна хотима пазируфта, дигаргуниҳои ҷиддии иҷтимоъиву фарҳангӣ пайдо шуд, якбора чандин нафар аз аҳли фазл ба ҷустуҷуҳои таърихӣ пардохтанд. Аҳмади Дониш, Мирзо Азими Сомӣ, Садри Зиё, Абдуррауфи Фитрат таърихномаҳо ба майдон оварданд. Пас аз инқилоби Бухоро (1920) нахустин навиштаҳои устод Айнӣ низ таърихнома буда соли 1920-1921 интишор ёфтаанд, ки яке «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» ва дигаре «Таърихи инқилоби Бухоро» ном дорад. Китоби ў «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) тазкираи ҷомеъест, яъне асаре наздик ба таърихи адабиёт аст. Инҳо ва дигар навнштаҳои Айнӣ, асарҳои донишмандоне чун Бобоҷон Ғафуров, Лутфулло Бузургзода, Иосиф Брагинский, Абдулғанӣ Мирзоев, нависандагоне чун Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ғанӣ Абдулло, Расул Ҳодизода, Адаш Истад барои худшиносии миллии тоҷикони Осиёи Миёна ва шаклгирии тафаккури таърихии онҳо хизмати басазо адо кардаанд.

пешина
аз 351
навбатӣ