Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳалли ин масъалаҳо комилан ранги иҷтимоъиву сиёсӣ гирифта, дар масъалаи ҳастиву нестии тоҷикон, дар муайян шудани сарнавишти онҳо аз муҳимтарин омилҳо буд. Пешвоёни мардуми тоҷик ба донишҳои илмӣ, ба таърих ва воқеъияти рўз такя оварда, роҳҳои гуногуни ҳалли масъаларо як-як санҷида, ба пирўзии фикри ҷўяндаву ёбанда қадам ба қадам пояҳои ҳастии миллатро устувор карданд.
Пурсише пеш меояд, ки чаро маҳз масъалаи забону адабиёт барои муайян шудани сарнавишти тоҷикон чунин аҳамияти фавқулъода пайдо кард?
Шубҳа нест, ки дар як марҳилаи таърихии ҳассос барои ҳалли тақдири миллат аҳамияти фавқулъода пайдо кардани масъалаи забону адабиёт тасодуфе набуд, балки сабабҳои ҷиддӣ дошт. Ба фаҳми мо сабаби асосӣ ин аст, ки ҳастии таърихии тоҷикон бештар аз ҳама дар забону адабиёт ва фарҳангу маънавият ифода ёфтааст.
Бешак чигунагии ҳастии ҳар шахсе ва ҳар миллате аз ҳама бештар дар маънавият ифода мешавад, вале маънавият дар муайян шудани ҳувияти фарҳангии мардуми тоҷик аз аввал аҳамияти ҷудогона, аҳамияти умда дошт. Аз ин рў ҳеҷ ҷои шигифт нест, ки дар садаи 20, ҳини зўроварии пантуркизм боз маънавият, забон ва адабиёт балогардони тоҷикон шуд. Забони адабӣ ва адабиёти миллӣ, ки дар тўли қарнҳо бо неруи бузурге мардуми тоҷикро муттаҳид мекард ва бо иттиҳод, бо расидан ба маънавияти баланд умри халқро поянда медошт, дар садаи бист ҳам барои дафъи ҳамлаҳо чун сипари балогардон, чун силоҳи бурро хидмат кард.
Бештар аз он ки дар ҳаққи баъзе аз дигар халқҳои наздику дур бигўем, метавон гуфт, ки асоси ҳастии тоҷикон маънавият аст. Ба ин сабаб забону адабиёт ва фарҳанг дар садаи 20 аз умдатарин омилҳои растагории тоҷикон ва худшиносии миллии онҳо гардид.

пешина
аз 351
навбатӣ