Хуросон аст ин ҷо

Чун дар замони бозсозӣ (перестройка) ва ошкоробаёнии (гласностъ) Горбачов, дар охири даҳаи ҳаштод дар ҳама ҷумҳуриҳои шўравӣ ҷунбиши миллӣ қувват гирифт, дар Тоҷикистон ин ҷунбиш боз аз мубориза дар роҳи забони миллӣ оғоз ёфт. Боз масъалаи забон масъалаи асосии ҷомеа гардид.
Тоҷикистон пештар аз дигар ҷумҳуриҳои шарқии шўравӣ барои ҳуқуқи забони миллӣ, барои расмияти давлатӣ пайдо кардани он талош сар кард. Метавон гуфт, ки соли 1988-1989 тамоми халқи тоҷик дар ин талош иштирок намуд. Сарварони онвақтаи Тоҷикистон мехостанд халқро ором кунанд ва шахси якуми кишвар гуфт: «Масъалаҳои асосии ҷумҳурӣ масъалаи озуқа, манзил ва монанди инҳост, на масъалаи забон!» ва масъалаи забон «ба бозсозӣ муносибате надорад»1. Сарварон вазифаи рўзро танҳо дар моддиёту иқтисод, фақат дар истеҳсолу истеъмол медиданд, аммо халқ бо пофишории тамом масъалаи таъмини ҳуқуқи забони миллиро низ масъалаи асосӣ ба шумор овард. То «Қонуни забон»
қабул ва форсии тоҷикӣ забони давлат эълон нашуд, халқ ором нагирифт. Агарчи он солҳо масъалаи озуқа, манзил ва ғайра дар ҳақиқат масъалаи муҳим буд, мардуми мо масъалаи забон ва маънавиятро баробари он, ҳатто аз он муҳимтар донистанд.
Зиёъиён ва ҳама мардуми тоҷик он гоҳ дуруст фаҳмида буданд, ки дар байни манфиатҳои миллӣ кадоме аҳамияти якумдараҷа дорад.
Онҳо дар пеши иқтисоду сиёсат ба фарҳангу маънавият бартарӣ доданд, ки айни савоб буд. Мубориза дар роҳи забони миллӣ, фарҳанг ва маънавият мардумро муттаҳид кард ва халқ гўё аз як гиребон сар баровард. Дар ин маврид маромномаи болшавикон, ки ба моддиёту иқтисодиёт ва сиёсат бартарӣ медоданд, фарҳангро дар навбати охир мегузоштанд ва аз маънавиёт ёде намекарданд, рахна дид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо