Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бозгашт ба хатти ниёгон, ки аз ганҷинаи андўхтаҳои фарҳангии гузаштагон ба рўи мо чанд дари дигар мекушояд, густариши рўзафзуни робитаи Тоҷикистон бо Эрону Афғонистон, ки имкон медиҳад аз ҳамзабонони худ сухани шево биёмўзем, дар ин роҳ басо муфид хоҳад буд.

Пас аз инқилоби 1917, дар даҳаи бисту сӣ бисёре аз халқҳову қавмҳои импиротурии собиқи Русия ба марҳилаи нави худшиносии миллӣ қадам гузоштанд. Агарчи шароити сахти мустамлика ва баъзе шиорҳои инқилобии назарфиреб миллатҳоро аз муборизаи озодихоҳӣ бозмедошт, ба ҳар ҳол ба вежа дар даҳаи бист ҷунбиши мардумӣ дар ҳама ҷумҳуриҳо ва музофоти миллии шўравӣ ба вуҷуд омад. Инқилоб худшиносии халқҳоро такон дод. Мубориза дар роҳи исботи мавҷудияти халқи тоҷик, талоши ин халқ барои ҳаққи таъйини сарнавишти хеш ва худмухторӣ, ки боиси ташаккули худшиносии нави иҷтимоъиву миллии ў гардид, як намуна аз пайкори ҳамагонии халқҳо дар кишвари шўравӣ буд.
Талоши ҳар халқ вежагиҳое дошт. Яке аз вежагиҳои муборизаи озодиҷўии миллии тоҷикони Осиёи Миёна ин буд, ки масъалаи забону адабиёт ба муҳимтарин ҷузъи он табдил ёфт. Масъалаи забону адабиёт дар муборизаи баъзе халқҳои дигар ҳам аҳамият пайдо карда буд. Масалан масъалаи ислоҳи забон ва демократӣ кардани он, ба вуҷуд овардани шеърияти нав, мубориза барои исботи ин, ки Алишери Навоӣ ҳарчанд феодали калон ва амиру вазир буд, яке аз бузургони ҷаҳони адаб аст ва монанди инҳо дар Ўзбекистон аз аввали инқилоб диққатҳоро ба худ ҷалб кард. Лекин масъалаи забону адабиёт ва таърих ба он дараҷа, ки барои мардуми тоҷик аҳамият пайдо кард, барои ҳеҷ як халқи дигар аҳамият пайдо накарда буд. Масъалаи фарҳангу таърих ва забону адабиёт, масъалаи мероси адабӣ ва дирўзу имрўзи забони миллӣ барои тоҷикони Осиёи Миёна масъалаи асосии тақдирсоз омад.

пешина
аз 351
навбатӣ