Хуросон аст ин ҷо

Даврони исботи ҳуқуқи меросбарӣ гузашт, даврони меросхўрӣ расид. Вақти он аст, ки аз файзу баракати мероси ниёгон баҳра бардорем ва ба сўи фардо тўшаи роҳ бигирем.
Саводи баланд ва забондонӣ якумин шарти ворид шудан ба ҷаҳони фарҳанг - чи фарҳанги дирўз ва чи фарҳанги имрўзу фардост. Мо забони тоҷикии худ, забони форсии дариро бо хусусиятҳои имрўзааш чунон бояд донем, ки ба нигаҳдошти асолати сухан, ба азиздошти сухани асил, тозаву покиза, балеғу фасеҳ қобилият пайдо кунем. Он гоҳ дар арсаи ҷаҳон сухани моро гўш хоҳанд кард. Вагарна сухани мо кам эътибор хоҳад дошт.
Умед аст, ки миллати тоҷик дар ин роҳ камари ҳиммат баста, ба мақсадҳои олӣ ноил хоҳад омад. Мо ҳатман рўзе боз ҳақ пайдо мекунем, ки дар бораи Тоҷикистони мо бигўянд:
Бародарҷон, Хуросон аст ин ҷо,
Сухан гуфтан на осон аст ин ҷо.
Албатта он рўз худ ба худ нахоҳад расид. Барои ин ки ҷаҳду ҷандалаи мардуми мо дар ин роҳ бештар судманд ояд, заминаи иҷтимоъӣ омода бояд сохт. Вазифаи давлати миллист, ки чун истиқлолу озодӣ фаро расид, барои баланд бурдани савияи саводи ҷомеа тадбироти махсусе бияндешад. Ба вуҷуд овардани консипсиюни мактаби миллӣ, амиқан инсонӣ (гуманитарӣ) шудани омўзишу парвариш дар ҳамаи риштаҳо - дар мактаби умумӣ ва таълимгоҳи касбҳои техникӣ, дар тамоми факултаҳои донишгоҳҳо ва ғайра аз - шартҳои муҳиммест. Фақат инсонгароии амиқи омўзиш имкон медиҳад, ки шахс на танҳо дониш андузад ва ихтисос бигирад, балки одамият омўзад, инсони асил шавад, баодобу фарҳанг бошад, аз ҷумла бо перояи хушсаводӣ, сухансанҷӣ ва суханофаринӣ ороиш ёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо