Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ҳол он ки инкишофи мўътадилу табиъии забон он гоҳ таъмин мегардад, ки ҳама гунаҳои он аз таъсири гунаи адабии бадеъӣ ба дараҷаи кофӣ бархурдор бошанд, ҳамеша сухани асил ва покизагўӣ биёмўзанд. Аз байн рафтани амали мутақобили гунаҳо ба рушди забони миллӣ халал меорад. Ба вежа чун услуби адабии бадеъӣ андўхтаҳои таърихии забон ва ғанои имконоти онро бештар фаро гирифтааст, аз таъсири он бебаҳра мондани гунаҳои дигар рушди забонро ба яктарафагӣ мекашад, боиси густариши пасттабъӣ ва камсаводӣ дар ҷомеа мегардад.
Албатта ҳар услуб вежагиву махсусиятҳое дорад ва қонунҳои услуби бадеъиро ба дигар услубҳо айнан гузаронидан раво нест.
Аммо аз дастовардҳои якдигар баҳравар шудани услубҳои забони адабӣ, ба хусус аз имконоти беҳадду канори услуби бадеъӣ ба дархури хеш тўъма бардоштани дигар услубҳо яке аз шартҳои умдаи рушди забони миллист. Аз таърихи форсии дарӣ, аз таҷрибаи устод Айнӣ ба ин ҳақиқат бовар ҳосил мекунем.
Бо диққат омўхтани забони маорифпарварон, ба вежа устод Айнӣ барои пешгирии инкишофи номутаносиб ва пасрафти забони форсии тоҷикӣ замина ҳозир хоҳад кард.
Мо тоҷикони Осиёи Миёна аз даҳаи бистуми садаи бистум бисёр саъй кардем, ки аз саргаҳу сарчашмаҳо дур наравему аз асли худ ҷудо нашавем, аз гирдоби худфаромўшӣ ва худгумкардагӣ бираҳем, ҳаққу ҳуқуқеро, ки ба мероси адабии муштарак дорем, исбот намоем, ҳаққи меросбарии фарҳангии худро ба аҳли олам эълом диҳем. Аз ҷумла ба субут расонидем, ки забони адабии ҳазорсола ва оламшумул дорем. Акнун вақти он расидааст, ки воқеъан ба фарҳанги маънавии аҷдодон даст ёбем, онро ҳар чи бештар фаро бигирем, аз ҷумла забонеро, ки мавҷудияти онро исбот кардем, аз худ намоем ва нағз бидонем.

пешина
аз 351
навбатӣ