Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Забони ҷадидони равшангар ҳам забони Рўдакиву Фирдавсист ва ҳам забони ҳамзамонони одии мост - на он халал дидааст, на ин. Дар забони онҳо ҳар ду сарчашмаи забони адабӣ - чи забони классикии ҳазорсола, чи забони халқии кунунӣ ба ҳам омадааст. Дар якумин рўзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» (1912-1913) ва нахустин маҷаллаи тоҷикии «Шўълаи инқилоб» (1919-1921) аз сухани пастмаҳак ва камсаводиву бесаводӣ нишоне намебинем. Забони ин ду нашрияи нахустини мо намунаи форсии тоҷикии содаву равон ва ғаноманду шевост. Чигунагии форсии тоҷикии замони мо ба вежа аз насри маорифпарварони соданависе чун Абдуррауфи Фитрат ва Садриддини Айнӣ ба хубӣ намоён аст. Ба фикри камина имрўз дар забони адабӣ ва меъёр пеш аз ҳама анъанаҳоеро, ки Фитрат ва Айнӣ пайравӣ кардаанд, идома бояд дод. Чунонки имрўз инкишофи иҷтимоъию маънавиро аз иҷрои баъзе моддаҳои барномаи навсозии маорифпарваронаи ҷомеа, ки ҷадидон тарҳрезӣ карда буданд, шурўъ намудан лозим меояд, дар забон низ кори онҳо, ба хусус кори Айниро, ки вазъи забони моро то нимаи садаи бист дар навиштаҳояш устодона ифода кардааст, идома додан ягона роҳи дуруст аст. Таҷрибаи таърихӣ моро ба сўи Айнӣ раҳнамоӣ мекунад.
Метавон, гуфт, ки на танҳр дар асарҳои С. Улуғзода, Ҷ.Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев, Кўҳзод, Сорбон ва монанди инҳо, балки дар навиштаҳои нависандагони насли даҳаи ҳафтоду ҳаштод, аз ҷумла А. Самадов, С. Раҳим, Баҳманёр ва дигарон низ ҳамон анъанаҳои забони маорифпарварон аксаран бенуқсон ва муваффақиятомез идома дорад. Мутаассифона дигар гунаҳои забони миллӣ аз таъсири гунаи адабии бадеъии он камбаҳра ё бебаҳраанд. Таъсири забони адабии бадеъӣ ба услуби рўзноманигорӣ, услуби илмӣ ва ғайра гоҳ-гохе пурнатиҷа ба назар мерасаду бас, аксаран суст аст ё нест. Услуби расмии коргузории идорӣ, навиштаҳои оид ба кишоварзӣ, тиб, касбу ҳунар, техника ва ғайра аз ин таъсир тамоман бебаҳра монда, ба офати пасттабъӣ ва тарҷумазадагӣ гирифтор шудааст.

пешина
аз 351
навбатӣ