Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо бояд форсии тоҷикии худро нағз бидонем, онро аз ҳама ғилу ғаш тоза карда ба дараҷаи форсии дарӣ бирасонем. Он гоҳ метавонем ба олами форсигўён бо қиёфаи хоси худ дохил шавем. Ҳатман бо форсии хоси худ, бо суруду тарона, хуроку пўшок урфу одатҳои махсуси худ ба хонадони азими ҳамнажодон пайваста, ба ин хонадон нақшҳои нав оварда, рангомезӣ ва дороиҳои онро афзун гардонем. Агар маҳрум аз симои хоси худ бошем, ҷолиб нахоҳем буд.
Чунонки гуфта омад, тафаккури одии примитив ва нишонаҳои пасттабъиву камсаводӣ асосан пас аз инқилоб ҳангоми халқӣ ва сода кардани навиштаҳо ба забони адабӣ фаровон омадан гирифт.
Ин раванд аз саҳифаҳои рўзномаи «Овози тоҷик» (аз соли 1924) ва «Бедории тоҷик» (аз соли 1925) оғоз ёфта, аксари рўзномаву моҳномаҳои тоҷикии баъдӣ, нашрияҳои гуногун, хусусан тарҷумаҳоро фаро гирифт. Ин ҳама падидае аз фаҳмиши нодурусти демократӣ шудани забон, чунин фаҳмиши бардурўғи «халқияти забон» буд, ки гумон доштанд забони адабиро аз чорчўбаи низому қоидаҳои сахти классикӣ халос кардан лозим аст, то ки аз қолабшиканиҳои «гуфтугўи озод» баҳра бардорад, аз паи фарқи «сараву сақат» нагардад, аз «хасу хошоки» урфият ор накунад. Яъне вазифаро баръакс фаҳмиданд: на забони оммаи мардумро кам-кам ба дараҷаи забони адабии сайқалдидаву тараққиёфта баланд бурдан, балки забони адабиро якбора ба сатҳи гуфтугўи кўчаву бозор фуруд овардан вазифаи рўз дониста шуд. Ин кор осонтар буд ва ҳар касе метавонист аз паи иҷрои он шавад. Ва бисёр бесалоҳиятҳо остин барзаданд ва қалам ба даст гирифтанд.
Имрўз аз чунин «халқияти забон» қатъиян даст кашидан зарур аст. Дар ислоҳи забон аз асолати классикии форсии дарӣ намуна гирифтан лозим меояд. Асолати классикии забон масалан дар осори ҷадидон маҳфуз монда, бо муҳимтарин хусусиятҳои имрўзии забони мардум созгорӣ, ёфтааст.

пешина
аз 351
навбатӣ