Хуросон аст ин ҷо

Моҳияти ҳастии мо ҳамин аст ва минбаъд низ ҳамин хоҳад буд. Ҳамин забон ва ҳамон адабиёти бузурги форсӣ, ҳамон илму дониш ва ирфону тасаввуф, ҳунарҳои нафисаи баланд, ки аксаран вуҷудашон бидуни ин забон тасаввурпазир нест, ҳамон тафаккури китобӣ, ки ҳар қадами мо дар зиндагӣ, ҳар лаҳзаи ҳаёти мо, ахлоқу одоб ва муомилаю муносибатҳои инсонии моро аз рўи китоб, аз рўи ахлоқномаҳо, аз рўи қоидаву фармуда ва андўхтаҳои асрҳо нуқта ба нуқта таъин месохт, - ин ҳама фарҳангу маънавият буд, ки мо будем ва мо будем, ки он ҳама буд. Имрўз зарур аст, ки боз ба он ҳама бирасем, асли худро боз биёбем, моҳияти ҳастии худро аз дидгоҳи замони нав бисанҷем ва мутобиқан роҳи худро ба сўи оянда муайян бисозем.
Ба фардо аз роҳи дирўз хоҳем расид. Маънавияти дирўз бо фарҳанги имрўз ба сўи фардо роҳ хоҳад кушод. Имрўз ки истиқлол муяссар шудааст, бояд ба сафи миллатҳои бафарҳанги ҷаҳон қарор бигирем. Ин аст, ки аввал худ бояд миллати фарҳангманд бошем.
Бо саводи паст ва дониши ночиз наметавонем бо миллатҳои пешраву пешбари ҷаҳон ба ҷиддият сару кор дошта бошем. Илму маърифат, саъю кўшиш, корчаллонӣ лозим аст. Аз ҷумла аз худ кардани забонҳои хориҷӣ зарур омадааст. Лекин калиди ганҷинаи дониш забони модарист. Забонҳон хориҷӣ ҳам танҳо агар дар асоси забони модарӣ ба даст омада бошанд, як чузъи муҳимми маданияти шахсанд вагарна бештар як олати кор ва мояи худнамоианду бас, як нишонаи зоҳири инсонанд, на бозгўи маданияти ботинии ў.
Мардуми тоҷик ҳар чи бештар дарк мекунанд, ки имрўз саводи хуб бояд дошт, забони худро бояд донист. Зотан ҳастии миллат дар забон ва фарҳанг ки ҳамбаста бо дину оин, бо шуури динист, ифода меёбад. Вуҷуди мо танҳо бо забони тавонманд ва фарҳанги дороиафзо имкон дорад. Бояд чеҳраи хоси миллӣ дошта бошем. Ба ин сабаб ҳам мумкин нест, ки аз форсии Эрону Афғонистон ба тақлид нусха бардорем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо