Хуросон аст ин ҷо

Халқи тоҷик ба ваҳшонияти бародаркушӣ ном баровард. Халқе ки дар тўли асрҳо дар роҳи маънавиятҷўӣ мубориза мебурд, талош мекард, ки маънавияти олиро ба забони олие ифода созад, ба оҳанги гўшнавози шеъри оламшумул бигўяд, ба баёни пурғунҷоиши матлабҳои илмию фалсафӣ ва ирфонӣ дароварад, ба як бор аз ин ҳама ҷаҳду ҷадали олии маънавиятхоҳӣ, худҷўиву худрасӣ худдорӣ варзида даст ба гиребони якдигар бурд ва ба хуни бародар олуд. То ин вақт агар тоҷикон шамшер ба даст бигиранд, ба рўи ғосибону аҷнабиёни истилогар мекашиданд, акнун ба сари бародарону хешовандони худ заданд. Коре шуд, ки дар таърихи халқи тоҷик нашуда буд. Нанге омад, ки дар умрамон надида будем.
Воқиаҳои солҳои 1990-1993 нишон дод, ки чашми миллати тоҷикро он ғубори ғализи худфаромўшӣ ва худгумкардагӣ, ки пантуркизму болшевизм овард, сахт гирифтааст. Ин ғубор агар пароканда нашавад, қобил аст, ки моро бихўрад. Аз он худро раҳоӣ додан лозим аст.
Чунонки даҳаи бисту сӣ ва баъдтар муборизаҳои сахте дар роҳи «забони тоҷикӣ», «адабиёти тоҷик» ва «адабиёти форс-тоҷик», муборизаҳое дар роҳи мероси маданӣ ва аслҷўӣ қадам ба қадам миллати тоҷикро аз ғубори худфаромўшӣ берун карда, ба роҳи худҷўиву худрасӣ даровард ва кам - кам пояҳои онро устувор кардан гирифт, ба ақидаи мо имрўз ҳам сабаби растагориро аз муборизаи роҳи маънавият, аз муборизаи роҳи худшиносиву худогоҳӣ бояд ҷуст.
Миллат бояд мақсадҳои олии маънавӣ дошта бошад, ки иҷрои пойдориву пояндагии умри ўро таъмин бикунад. Чандин аср аст, ки асоси ҳастии моро забони дарӣ ва он маънавияти олӣ, ки ба ин забон хеле барҷаставу мукаммал ифода ёфта буд, ташкил кардааст.
Гумон меравад, ки имрўз дар нахустин зинаҳои истиқлол ҳам ҳадафи миллии мо аз ҳамин ҷо сар мезанад ва бозрасидан ба забони дарӣн, ба порсии асил, ба он фарҳанги олист, ки ба ин забон ба вуҷуд омадааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо