Хуросон аст ин ҷо

Қадри ин забон бояд бидонем. Онро бояд азиз бидорем, ҳар ҷузъе аз дороиҳои беканори онро чун мардумаки чашм эҳтиёт бикунем, ки ба мо ва наслҳои оянда зарур аст. Чандест, ки боди хорӣ аз сари мо гузашт ва ҳанўз ҳам гоҳ-гоҳе мевазад. Акнун аз нахустин қадамҳои истиқлол лозим аст, ки забони худро аз хоки мазаллат бардорем ва ба тахти салтанат бинишонем.
Форсии тоҷикии мо - фарзанди ҳамон форсии дарист, ки сари ифтихори мо баланд карда буд, ҳама ҳастии маънавии аҷдоди мо, ҳиссиёти дили шоирона ва такопўи ақлу хиради ҳикматҷўи мардуми моро бо ҳама амиқӣ ва тобишҳои нозукаш ба беҳтарин ваҷҳе ифода намуда, моро ба олам шўҳрат дода буд, ба худи мо ва аҳли башар шиносонида буд. Форсии тоҷикии мо имрўз бояд вазифаи фарзандӣ адо намояд ва бо ҳамон қувваи форсии дарӣ ҳастии маънавии имрўзаи моро ифода созад, ба худи мо ва ба аҳли олам бинамояд.
Ҳамин забон буд, ки асрҳои аср моро аз нобудӣ нигоҳ дошта, бо ҳастии худ ҳастии моро таъмин намуд, дар ҳама замонҳо, дар ҳама ҷабҳаҳо, ба назари ҳама хайрхоҳону бадхоҳон миллати моро чун як муҷассамаи фикру ҳисси олӣ намудор кард. Чунонки чанд аср пеш ташаккули форсии дарӣ аз ташаккули халқи мо мужда расонида бо ҳама зўру тавон ягонагии мардуми мо ва пирўзии вайро чи дар ҷабҳаи сиёсат ва чи дар арсаи маърифату шеърият фароҳам овард, чунонки форсии тоҷикӣ ру ба рўи фишори тоқатфарсои пантуркизму болшавизм сахт истода, ягонагию устуворию пойдории моро сабаб шуд, имрўз дар оғозгоҳи истиқлоли миллӣ ҳам умеди иттиҳоди мо аввало аз он аст.
Миллати тоҷик дар оғозгоҳи истиқлол сахт фиреб хўрд.
Қувваҳои сиёсӣ роҳи истиқлолро майдони ҳокимиятталошӣ донистанд ва аз манфиатҳои умумии миллат чашм пўшида, ҳар кадоме ба мардуми як минтақа такя оварда, минтақаҳои гуногунро ба ҳам зид гузоштанд ва ҷанг андохтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо