Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чун имрўз дар Тоҷикистон аз зарурати забондонӣ сухан мекунем, яъне мегўем, ки ҳоло бисёре аз мардуми мо забони худро хуб намедонанд ва бояд бидонанд, форсии асил, забони тоҷикии дариасосро дар назар дорем. Мо бояд забони худро, яъне ҳамон дарии таърихиро бо хусусиятҳои кунуниаш бидонем. Бахти мост, ки ин забон бо ҳамон ғано ва шукўҳу шавкаташ дар сарзамини худамон, дар зиндагии рўзмарраи мардум ҳанўз боқист ва қадри ин давлат бояд донист. Яъне ҳама дороиҳо, ҳама имконоти камназири онро то ҳадди имкон аз худ бояд кард.
Форсии дарӣ на танҳо дар аввал - дар овони ташаккули забони адабӣ ва айни авҷу барораш яке аз доротарин ва зеботарин забонҳо буд, забони муқаддас, забони аҳли биҳишт ба шумор мерафт, балки имрўз пас аз ҳазор сол низ он хусусият, он қудсияташро аз даст надодааст. Имрўз ҳам яке аз доротарин ва зеботарин забонҳои Шарқ ба ҳисоб меояд. Камина дар як мақола нақл карда будам, ки соли 1970 дар як маҷлиси калони Маскав ҳунарпешагони понздаҳ ҷумҳурии шўравии собиқ ҳар кадоме ба забони модарии худ шеъре хонданд, ба чандин забон шеър садо дод ва гўё байни забонҳо мусобиқае доир шуд ва нависандагон аз ин байн забони тоҷикиро зеботарин забоне донистанд, ки аз ҳамаи дигар забонҳо хушоҳанг ва гўшнавоз буда, соҳиби шеъриятест. 2 апрели 1993 дар Переделкино ном мавзеъи Маскав ки эҷодгоҳи нависандагон аст, бо шоиру насрнависи машҳури абхозӣ Баграт Шинкуба ҳамсўҳбат шудам. Ў гуфт, ки чун соли 1958 дар Тошканд нависандагони Осиёву Африқо гирд омада, суханрониҳо карданд ва шеър хонданд, боз ҳам дар ин шеърхониҳо гўё байни забонҳо мусобиқае рўй дод.
Боз ҳам на ба тарзи расмӣ ва таъсиси дастаи ҳакамҳо, балки дар сўҳбатҳои шахсӣ ба иттифоқи ҳама фикре баён шуд, ки форамтарин ва мавзунтарини забонҳо забони форсӣ ва тоҷикист.
Чунин хулосаҳоеро дар бисёр гирдомадҳои шоирону нависандагон шунидаем.

пешина
аз 351
навбатӣ