Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вежагиҳои хурду калони забони форсии Осиёи Миёна, ки дар форсии дигар минтақаҳо камтар ё ба шаклҳои дигаре ба назар мерасад, бисёр аст. Ҳоло пажўҳишгарон ин хусусиятҳоро таҳқиқ мекунанд. Ҳамаи ин хусусиятҳо бояд нигаҳдорӣ шавад, ягон қисми онҳо бояд аз даст наравад.
Мехоҳем ҳушдор бидиҳем, ки норасоиҳои имрўза - ҳамон қолабшиканиҳо, ақибнишинӣ аз қоида, тақлиди маҳз ба русӣ ё ўзбекӣ, нусхабардории нораво аз гуфтори вайрони авомона ва дигар нишонаҳои камсаводӣ ва забоннодонӣ, ки ҳоло кам нест, набояд аз вежагиҳои забони форсии тоҷикӣ дониста шавд. Баъзе муҳаққиқон инҳоро ҳам хусусияти форсии тоҷикӣ ба шумор мегиранд ва маҳз аз ҳамин бинишгоҳ масалан фарқи форсии тоҷикӣ ва форсии Эронро падид овардан мехоҳанд. Ба пиндори мо ин кор дуруст нест. Албатта ҳама нодурустиву норасоиҳое, ки имрўз дар тоҷикии Осиёи Миёна ҳаст ва ба сабабҳои муайяни таърихӣ пайдо шудааст, низ аз хусусиятҳои он аст ва онҳоро нодида наметавон гирифт. Вале дар асоси ин айбу нуқсонҳо дар ҳаққи форсии тоҷикӣ ҳукм баровардан аз рўи инсоф нахоҳад буд. Агар ҳукме ҳам бароварем, он ҳукм бояд ба он мазмун бошад, ки аз айбу нуқсон гурез бояд ҷуст, то ҳадди имкон халос бояд шуд.
Агар форсии тоҷикиро аз бодоварди хаспарвариҳои замони охир тоза кардан муяссар шавад, он чи боқӣ мемонад, ҳамон форсии ноб, ҳамон форсии дарӣ хоҳад буд.
Ҳаққан форсии тоҷикии мо ҷонишини таърихии форсии дарист. Бесабаб нест, ки тоҷикони Афғонистон забони худро дарӣ номиданд, то ки аз забони форсии Эрон ё Тоҷикистон фарқ доштани онро таъкид намоянд. Вале ин номгузорӣ бештар сабаби сиёсӣ дошт ва аз он сабаб ба миён омад, ки марзҳои сиёсӣ бештар аҳамият пайдо карданд. Вагарна дарии Афғонистон аз тоҷикии Осиёи Миёна чандон фарқ надорад. Гарчанде ки тафовути лаҳҷаҳо дар ин миён кам нест, бунёди забон, асоси умумихалқии он як аст ва ҳар лаҳза нишоне аз лаҳну рангҳои ҳамон форсии дарии таърихӣ намудор меорад.

пешина
аз 351
навбатӣ