Хуросон аст ин ҷо

Банда бар инам, ки дар забони адабии имрўз, дар забони меъёр калимаи арабӣ ба қоидаи тоҷикӣ бояд ҷамъбандӣ шавад. Зеро аз пазируфтани қоидаҳои сарфи забони дигаре худдорӣ бояд варзид.
Калимаҳое, ки аз дигар забонҳо мегирем, забони моро ғано меоранд, аммо агар бо ин калимаҳо қоидаҳои сарфи дигар забонҳоро низ қабул - кардан гирем, забони мо аз дарун хароб хоҳад шуд. Вожае чун ба вом омад, моли мост ва ба қоидаҳои забони мо, аз ҷумла ба тартиби ҷамъбандии мо итоат мекунад.
Як чизи дигар, ки дар форсии Мовароуннаҳр нисбат ба соири минтақаҳо бештар расм шудааст, ин аст: пас аз садоноки о, и, е, у аксаран а аз аст меафтад. Яъне ба хатти форсии арабиасос марди доно аст, гавҳари вай минуӣ аст, суханаш мавъизаи ахлоқӣ аст навишта шуда бошад ҳам, хабар доност, минуист, ахлоқист хонда мешавад. Дар дигар минтақаҳои қаламрави форсӣ танҳо агар дар навишт алиф фуругузор шуда бошад, чунин хониш ҷоиз аст, аммо ба форсии тоҷикии адабӣ чунин хониш - яъне фурўгузори а аксаран риоя гардида, фақат дар шеър ба тақозои вазн аст-ро баъди садонок ҳам пурра талаффуз мекунанд.
Мутаассифона, дар навиштаҳои имрўза, ҳатто ҳангоми ба хати русии тоҷикӣ гардонидани навиштаҳои замонҳои гузашта ин қоида кам риоя мешавад ва гоҳ чунон ба назар мерасад, ки мо ин қоидаро фаромўш карда истодаем. Устод Айнӣ ҳам бо мақсади наздик кардани забон ба халқ гоҳ аз паи талаффузи авомона рафта, баъди о, и, е, у баъзан аст-ро пурра менавишт. Ба гумонам инро ақибнишинӣ аз қоидаи классикӣ бояд донист. Мо ин ақибнишиниро нораво мешуморем ва бовар дорем, ки риояи ин қоидаи классикӣ ба сухан хеле матонат ва хушсадоӣ зам мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ