Хуросон аст ин ҷо

Муҳимтарин сифатҳои азалии форсии Мовароуннаҳр, сифатҳое чун содагиву равонӣ, бетакаллуфӣ ва ҳазар аз печидагӣ, камтар рағбат нишон додан ба вожаҳои арабӣ, бахусус арабиҳои ғализ, бештар истеъмол намудани арабиҳои содае, ки дар гуфтори мардум, дар забони умумихалқии тоҷикони Осиёи Миёна дида мешавад, худдорӣ аз ҷамъи арабӣ, алалхусус ҷамъи шикаста ва ҳоказо бояд дар замони мо бештар қадршиносӣ шавад. Ҳамаи ин хусусиятҳо дар забони адабии классикӣ, хусусан дар навиштаҳои муаллифоне, ки аз Мовароуннаҳру Хуросонанд, дида мешавад. Дар форсии садаҳои гузашта ҷамъи арабӣ гоҳ зиёд ба назар мерасад, лекин дар осори аҳли Хуросон гоҳ ҷамъи арабӣ муфрад тасаввур шудааст, яъне ҷамъи арабиро бо нишонаҳои форсӣ дубора ҷамъбандӣ кардаанд. Инро дар бисёр асарҳо мебинем. Чунончи дар китоби Аҳмади Тўсӣ «Аҷоиб-ул-махлуқот» (қарнӣ 12) ҷамъи арабӣ бо нишонаҳои ҷамъи форсӣ фаровон ба кор рафтааст: «Чун мамлакати олам ба Искандар расид, ҷамъ-ҷамъ ва дар офоқҳо бигардид ва улумҳоро ҳосил кард... ва номае набишт, ки ба тоат оянд ва гар на он равад, ки бо мулукони дигар рафт». Инҳо ҳама аз гуфтугўи одии мардум ба саҳифаҳои китоб гузаштаанд», чунонки имрўз ҳам аҷдодҳо, авлодҳо, уламоҳо, фузалоҳо, авлиёҳо, арвоҳҳо, туҷҷорҳо мегўем ё ки ибораҳои ҳадду ҳудуд, ҳаққу ҳуқуқ, ҳолу аҳвол, сирру асрор, шарту шароит ва ғайра чун ҷуфти муродиф ба кор мераванд, яъне ҷамъҳои ҳудуд, ҳуқуқ, аҳвол, асрор дар ин ибораҳо мутародифи ҳад, ҳақ, ҳол, сир тасаввур шудаанд. Ин ҷамъҳои арабӣ дар фаҳми мардум танҳоанд ё исми ҷомеанд ва бо ҳамин пиндор гоҳ ба забони адабӣ ҳам роҳ ёфтаанд.
Камина тарафдори он нестам, ки минбаъд ҳам дар забони адабӣ арабии ҷамъ бо пасванди тоҷикӣ дубора ҷамъбандӣ шавад, яъне шуароҳо, удабоҳо, баёнотҳо, ахборотҳо, аъробҳо ва монанди инҳо нависем, лекин аз атрофҳо, ташкилотҳо, аъзоҳо ва ғайра гўё гузир нест, гоҳ маҷбур хоҳём шуд, ки баъзе аз ин ҷамъҳоро ба ҷои танҳо кор фармоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ