Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агарчи баъдтар дар минтақаҳои гуногун миёни нормаҳои навиштору гуфтор фарқ афзудан гирифт, дар Мовароуннаҳр фарқ чандон зиёд нашуд ва ҳанўз ҳамчунон гуфтору навиштор ба ҳам наздик аст.
Ин аз муҳимтарин хусусиятҳои форсии тоҷикии кунунист ва қадри онро бояд донем. Бояд донем, ки зотан гуфтори мо ба забони адабӣ, яъне ба он чи дар Эрон забони меъёр меноманд, наздик аст, ба форсии тоҷикӣ меъёри гуфтугў аз меъёри навишт нисбатан дур нест ва ранги адабӣ гирифтани сухани мо осонтар аст. Дар зарфи ҳазор сол қонунҳои забони адабиро бештар мо худ муайян мекардем ва имрўз ҳам ба қонуну қоидаҳои асили он даст ёфтани мо осонтар аст. Ва агар ба сабаби фоҷиаҳои таърихӣ забондонии мардуми тоҷик имрўз нисбатан суст шуда бошад, бояд некбинӣ аз даст надиҳем ва фаромўш накунем, ки сухани мо ҳанўз аз балоғату фасоҳат пероя дорад, бисёр хусусиятҳои форсии дарӣ дар забони мо ҳанўз ҳамчунон боқӣ буда, ҳусн бар ҳусни он зам кардаанд ва онро қудрату тавон ва назокату нафосате бахшидаанд. Форсии тоҷикии мо вежагиҳоеро дорост, ки на танҳо имрўз дар чашми худи мо бояд арзиши баланд дошта бошад, балки агар робитаҳо густариш ёбад, форсигўёни дигар кишварҳо чунонки панҷ сад солу ҳазор соли пеш буд, аз файзи он баҳра хоҳанд буд.
Мақсади аслӣ ин аст: муҳимтарин хусусиятҳои форсии дарӣ, ки дар форсии тоҷикии кунунӣ ҳаст, бояд то ҳадди имкон нигаҳдорӣ ва мувофиқи дархости замон такомул дода шавад ва дар ин кор ва ҳамчунин барои он ки забони тоҷикиро аз фасоди замонҳои охир тоза кардан осонтар ояд, аз имконоти беҳадду канори форсии Эрону Афғонистон баҳра бояд ҷуст.
Он гоҳ форсии тоҷикӣ аз се омили иқтидорманде - аз фаъол кардани имконоти дохилӣ ва табиъияти аслии худ, аз рўфта партофтани хасу хошоки бодоварди замонҳои сахти бўҳронӣ, аз истифодаи комёбиҳои бузурги форсии Эрону Афғонистон дороӣ ба дороии худ хоҳад афзуд.

пешина
аз 351
навбатӣ