Хуросон аст ин ҷо

Саъидии Сирҷонӣ барои «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ ва забони он арзиши олӣ қоил аст. Гуфтааст, ки Айнӣ ва «Ёддоштҳо»-и вай «маро аз рўзгори ҷавонӣ шефтаи насри равон ва лаҳни бетакаллуфи худ карда буд»1. Сабаби онро чунин эзоҳ додааст, ки «насри равони Айнӣ дилнишин ва шавқангез аст»2. Сирҷонӣ решаҳои таърихии забони устод Айниро ишора карда, ақида изҳор намудааст, ки «Ёддоштҳо» дар назари ў «маҷмўаи луғот ва таркиботу ибороте буд, ки бо ранги дилпазири осори Байҳақӣ дар ин навиштаҳо мавҷ мезад»3. Метавон гуфт, ки донишманди мўҳтарам ин ҷо бо ном бурдани Байҳақӣ миёни забони Айнӣ ва форсии дарию сабки хуросонии давраҳои аввали ташаккули забони мо алоқамандие дидааст. Бешубҳа, ҳақ ба ҷониби ўст.
Мо ба шунидани чунин баҳои баланд дар ҳаққи устод Айнӣ, ки устоди забардасти сухан аст, одат кардаем. Вале баъзе аз донишмандони Эрон на танҳо аз осори Айнӣ, балки умуман аз забони тоҷикии имрўз таассуроте ҳосил кардаанд, ки басо ҷолиб аст. Чунончи дуктур Муҳаммади Раҷабӣ таъкид кардааст, ки «тоҷикон форсиро бо ширинӣ ва фасоҳату балоғат адо мекунанд...
3абони онон забони форсии китобист»4.
Ин ҷо на фақат он ҷолиб аст, ки забони тоҷикии мо агарчи хеле осеб дидааст, ба назари меҳмони сухансанҷ «ширин» ва дорои «балоғату фасоҳат» намудааст, ҷолибтар он аст, ки ў гуфтори моро «форсии китобӣ» ҳисобидааст. Ин мушоҳида моро боз ба таърих мебарад. Наздик ба забони китобӣ сухан кардани тоҷикон сабабҳои таърихӣ дорад. Азбаски форсии адабӣ аз аввал, аз асрҳои 9-10-и мелодӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфт, нормаҳои он, меъёри забони навиштор бештар аз рўи гуфтори мардуми ин сарзамин таъин гардида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ