Хуросон аст ин ҷо

Он гоҳ Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ нахустин ҷумҳурӣ буд, ки дар роҳи забони миллӣ талош оғоз кард.
Ниҳоят, соли 1989 дар Тоҷикистон санаде ба номи Қонуни забон содир шуд ва забони тоҷикӣ ба мақоми расмии давлатӣ расид, то ки амали он дар ҳамаи риштаҳои ҳаёти иҷтимоъиву сиёсӣ ва фарҳангиву илмӣ ҳатмӣ бошад. Иҷрои ин Қонун боиси ҷон гирифтани забони миллӣ дар Тоҷикистон гашт.
Дар сурате, ки савияи саводи мо мардуми тоҷик хеле паст рафтааст, зарурате пеш омадааст, ки агар хоҳем мардуми бафарҳанг бошем, ба сўи одоби сухан, ба кўи илму дониш ва фазлу камол, ба адабгоҳи банӣ-башар роҳе ба устуворӣ ёбем, бояд нахуст забони худро бидонем.
Бар қасди онҳое, ки моро аз забони модарӣ, аз мероси адабиву фарҳангӣ, аз таърихи худ маҳрум кардан мехостанд, лозим омадааст, ки соҳиби қадршиноси ин ҳама дороиҳои маънавии худ бошем ва бо сари баланд ба сўи ояндаи худ қадам занем.
10
Чунонки дидем, форсии Мовароуннаҳру Хуросон аз қадим намунаи ибрати ҳама форсигўён буд, аз мо форсии ноб меомўхтанд.
Мардуми Эрон имрўз ҳам забони аҳли Хуросонро ҳурмат мекунанд ва аз ҷумла мегўянд:
Азизи ман, Хуросон аст ин ҷо,
Сухан гуфтан на осон аст ин ҷо.
Афсўс ки имрўз дар Тоҷикистон, ки низ як қисми Хуросон аст,
авзоъ дигар аст. Ҳоло шояд месазад бигўем:
Азизам, Тоҷикистон аст ин ҷо,
Сухан гуфтан чи осон аст ин ҷо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё