Хуросон аст ин ҷо

Аз кўдакӣ дар ёд дорам, ки мардуми Бухоро гоҳ ба форсии эрониён эрод мегирифтанд, аз тарзи гуфтори онҳо баъзе чизҳоро айб мекарданд. Вале тахминан солҳои шаст дидам, ки ин эродҳо кам шудааст. Зиёда аз ин, дўсти ман - донишманди тоҷик Ҷумъабой Азизқулов боре дар Бухоро бо муйсафеде дар сари масалаи забон сўҳбат кардааст ва он мўйсафед гуфтааст: Чи кор кардед, ки забони радиои Тоҷикистон ва рўзномаву китобҳои он фосид шудааст? Мо то ҳол беҳуда ба забони эрониён хурда мегирифтаем, радиои Теҳронро гўш кунед, чи зебо гап мезананд! Аз онҳо забон ёд гирифтан даркор аст.
Ақидаи он пирамарди бухороӣ, яъне тағйири фикри соҳибназарони Бухоро дар бораи ҳусни сухани форсии Эрон ва форсии тоҷикӣ басо ибратомўз аст. Дар ҳақиқат мо мардуми тоҷик акнун бештар аз забони худ бояд эрод бигирем ва аз равшанфикрони эронӣ ҳусни сухан касб бикунем.
Яке аз роҳҳои омўхтани забони худ ҳамоно бо диққат гўш кардан ба сухани равшанфикрони Эрон ва тоҷикони Афғонистон, чашми диққат дўхтан ба навиштаҳои онҳост. Чандест, ки ин зарурат аз саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистон гўшрас мешавад. Валс ин баррасии масъала як норасоӣ дорад. Бештарини қаламкашҳо зарурати омўхтан аз форсии Афғонистону Эронро таъкид менамоянд, аммо намегўянд, ки чи тарз бояд омўхт, аз он ба чи чизҳое бештар бояд аҳамият дод, аз чи чизҳое худро дур бояд дошт.
Ин масъала хеле муҳим аст ва онро ҳаматарафа санҷидан лозим меояд.
Омўзиши мо аз форсии Афғонистону Эрон огоҳона ва эҷодкорона бояд бошад, на ҳар чи пеш ояд, хуш ояд, балки ҳар чизеро озмудаву санҷида ва сара карда, аз санги маҳаки хусусиятҳои забони форсии тоҷикӣ гузаронида, агар қобили қабул бошад, бояд бипазирем, то имкониятҳои забони худро афзун кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё