Хуросон аст ин ҷо

Яке аз ҷузъҳои асосии сиёсати миллии шўравӣ миллиятзудоӣ буд: халқҳоро аз ҳувияти миллӣ маҳрум мекарданд, мекўшиданд, ки хусусияти миллии халқҳо аз байн равад, ёди таърихиву фарҳангии онҳо ба нестӣ расад, онҳо худро фақат дар саҳни имрўз бинанду бас зеро ба якдигар, хусусан ба «халқи бузурги рус» ҳамранг бошанд, ба «ояндаи дурахшон», ба коммунизм расидан осонтар хоҳад буд. Чун дар Белорусия мактаби миллии белорусӣ қариб дигар боқӣ намонд, сарвари шуравӣ Никита Хрушов дар шаҳри Минск гуфт: «Мо ҳар чи зудтар ба русӣ гап задан омўзем, зудтар коммунизм хоҳем сохт»1. Ин аст, ки дар роҳи коммунизм ҳамаро қурбон кардан лозим омад. Азбаски дар байни шаклҳои мавҷудияти ҳар халқе забон «шакли шумораи як» ба шумор меравад (ва агарчи инро донишмандони шўравӣ эътироф карда буданд), сиёсати миллатзудоӣ нахуст бар зидди забонҳои миллӣ равона шуда буд. Аз ин рў забони миллии ҳамаи халқҳои шўравӣ хеле зиён дид.
Чун соли 1985 бозсозӣ (перестройка) ва ошкоробаёнии (гластности) Горбачов оғоз ёфт, дар баъзе ҷумҳуриҳои шўравӣ барои барқарории ҳуқуқи иҷтимоъии забони миллӣ, барои аз ҳоли табоҳ берун кардани забону фарҳанг ва равнақ додани онҳо мубориза оғоз ёфт.
Дар Тоҷикистон он гоҳ аз ин хусус чизе гуфтан имкон надошт.
Бино бар ин мубориза аз суханрониҳое, ки камина дар Маскав кардам, мақолаҳое, ки дар нашрияҳои Маскав «Советская культура», «Литературная газета» ва маҷмуаи дастаҷамъии «Говоря откровенно» («Агар ошкоро сухан гўем») соли 1988 чоп
1 Ниг.: рўзномаи «Правда», 6 марти 1989.
кунонидам, оғоз ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё