Хуросон аст ин ҷо

Истравшан, Хуҷанд ва ғайра, ки аз марказҳои бостонии фарҳанги тоҷиканд, низ нисбат дошт.
Ҳукмронии бегонагон, ноинсофиву беназмии рўзафзун, аз раванди ҷаҳонии таърих канда шудан ва дар ҳолати дарбастагии таърихӣ оғуштаи хоку хун афтодани мардум пояҳои маънавиятро суст кард. Доираи чашмандоз торафт танг ва тафаккур содаву одӣ мешуд. Аз адабиёти форсии Осиёи Миёнаи садаҳои 18 ва 19 нишонаҳои паст рафтани савияи ҳунарии шеър бисёр ба назар мерасад, дар адабиёт сухани пастмаҳаку обшуста бештар дида мешавад. Забони форсӣ рў ба пастрафт овард.
Дар нимаи дувуми садаи 19 ҳангоми истилои Русия боз ҷангу хунрезӣ авҷ гирифт, лекин пас аз анҷоми истило нисбатан оромӣ падид омад, ки оромии зоҳирӣ буд. Зулми истеъморгарон ва афзоиши турконидани тоҷикон ба дигар монеаҳои рушди миллӣ илова гардид.
Инқилоби октабри соли 1917 оламро зеру забар кард ва то соли 1924 аҳолии Бухорои Шарқӣ 40-45 фоиз кам шуд, яъне нобуд гардид ё ба Афғонистон ва дигар кишварҳо паноҳ бурд1. Ҷанги дохилии даҳаи бистум, колхозсозӣ ва дигар фоҷиаҳои даҳаи сиюм ба халқу кишвар осеби зиёд овард.
Чун инсон ба даҳшату харобкории хонабарандози замон, ба хориву зорӣ ва муфлисии рўҳонӣ, ба бемаънавиятӣ ва фасоди ахлоқ дучор омад, умеде аз рушди забон ва ҳусни сухан намонд.
Инқилоб аҳли зиё ва равшанфикрони кўҳнаро аз сари кор дур карда, дар андак муддат нобуд сохт ва фарҳанг, мактабу маориф, нашриёту матбуотро ба навсаводону кўрсаводоне дод, ки дар курсҳои семоҳаву шашмоҳаи маҳви бесаводӣ ё агар ҳиммат карда
1 Ниг.: Р. Масов. История топорного разделения (Таърихи табартақсим). - Душанбе, 1991, саҳ. 42.
бошанд, дар мактабҳои дусолаву сесола андаке таҳсили сатҳӣ дида буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё