Хуросон аст ин ҷо

Дараҷаи саводи ҷомеа паст рафтан гирифт.
Забони Балху Бухоро аз қадим беҳтарин намунаи форсии дарӣ ба шумор меомад. Дар замони шўравӣ Самарқанду Бухоро аз ҳудуди Тоҷикистон берун монд ва забони адабии тоҷикӣ, забони оммаи мардуми тоҷик аз нуфузи ин марказҳои бостонии фарҳанг то рафт камтар баҳра мебурд.
Тақозои замон ин буд, ки забони адабӣ ба оммаи заҳматкаш, ба бесаводони дирўза мафҳум бошад. Кўшишҳое дар роҳи сода кардани забон, дар роҳи даст кашидан аз печидагӣ ва ороиши барзиёди нозарур, дар роҳи табиъияту ҳамафаҳмӣ бешак кори муҳимме буд. Ин кўшишҳо дар осори баъзе нависандагон натиҷаи мусбат дод. Вале дар ин кор каҷфаҳмиву каҷравӣ ҳам бисёр содир шуд. Чунончи содагии навиштаҳо аз ҳадду андоза гузашт ва байни забони содаву гапи оди фарқ намонд. Хў гирифтан ба сухани одии беранг, ба харобии таносуби сухан, ба қолабҳои вайрони калимаву ибораву ҷумла ва айбҳои дигар, нусхабардорӣ аз гуфтугўи дурушти бенизом, нишонаҳои гуногуни пасттабъӣ рафта-рафта ранги умумӣ гирифт.
Оре, он чи хилофи маънавияти олист, забонро хароб мекунад.
Маънавияти олист, ки забонро ғизо медиҳад, неруву тавоноӣ ва рангомезиву назокат мебахшад. Дар ҷомиа ғанои маънавӣ ҳар чи бештар, пояҳои инсоният ва арзишҳои инсонӣ ҳар чи устувортар бошад, он чи забон бояд ифода намояд, зиёдтар хоҳад буд ва тавоноӣ ё нозукию зебоии забон хоҳад афзуд. Забон ифодаи бевоситаи тафаккур, ифодаи маънавияти шахс ва ҷомиа аст. Чун инсон хор шуд ва ба роҳи инкишофи маънавии вай банд афтод, табиъист, ки забон рў ба таназзул меорад.
Сиёсати миллии истеъморгаронаи Маскав низ ба рушди забони тоҷикӣ зарар овард. Дар замони шўравӣ забони тоҷикӣ аз муомилоти расмӣ тамоман берун монд. Дар шаҳри Душанбе ҳамин, 244

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё