Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки ин гуна фоҷиае ба сари забони форсии Мовароуннаҳр чандин бор омада ва хеле дуру дароз идома ёфта осеби зиёд овардааст.
Аз қарни 16-и мелодӣ қабилаҳои туркони ўзбак Осиёи Миёнаро тасарруф намуданд ва ин диёр муддати тўлонӣ ба майдони ҷанги беохире табдил ёфт. Дар садаи 17 ва 18 ҷангҳо боз шадидтар шуд. Задухўрди доимии байни ҳокимони маҳаллӣ, қазоқҳо, қарақалпоқҳо, қалмоқҳо ҷанги онҳо бо якдигар ва бо ўзбекҳо бефосила идома ёфта, харобкориву ғорат ба ниҳояти дараҷа расид, чандин бор қаҳтиву қиматӣ ва гуруснагӣ аз пай овард, ки ҳафт сол, бист сол ва зиёдтар аз он давом мекард.
Қабилаҳои кўчии ҳамлавар дар айни расидани ҳосилот зироати мобайни Самарқанду Бухоро ва дигар минтақаҳоро талаф карданд, беҳосиливу қаҳтӣ тўл кашид ва мардум зиёд талаф шуданд, аз шаҳру деҳ фирор карданд. Дар Бухоро ду гузар мардум монд ва дар Самарқанд касе намонд1. Ба гуфти Малеҳо Самарқанд чунон осеб дид, ки «агар қарнҳо гузарад, натавон ба ислоҳ овард». Мадрасаҳои Самарқанд шағолхона шуданд.
Сайидо он гоҳ гуфта буд:

Бухоро тали Хоҷа Исҳоқ шуд,
Самарқанд як кўчаи қоқ шуд.

Тали Хоҷа Исқоқ номи як пуштаи гўристон дар беруни
Бухорост, ки мазори Хоҷа Исҳоқи Калободӣ он ҷост. «Тали Хоҷа
Исҳоқ» ва «кўчаи қоқ» қариб ду сад сол рамзи харобазори
Мовароуннаҳр буд. Ин рамз на танҳо ба водии Бухорову
Самарқанд, балки ба ноҳияҳои ҷангзадаву ғоратшудаи Балх,

1 Ниг.: Б. Ғафуров. Тоҷикон, к. 2. - Душанбе, Ирфон, 1985, саҳ. 74,
81 ва 87.

пешина
аз 351
навбатӣ