Хуросон аст ин ҷо

Решапайванди се шохаи адабиёти форсӣ агарчи гоҳ осеб медид, ҳамеша аз воситаҳои асосии ғизорасонӣ буд.
Фарқҳои байни ин се ҳавзаи адабӣ, нобаробарии сатҳи рушди баъзе жанрҳо, номонандиҳое дар ҷаҳонбинӣ, марому маслак ва ғоя, ҳама дигар тафовутҳо ба фикри мо чизест, ки дар байни ҳавзаҳои ҷудогона ҳамеша метавонад каму беш вуҷуд дошта бошад ва гоҳ ин ҳавзаҳоро аз якдигар кам ё беш дур барад, вале ҳар лаҳза имкон хоҳад буд, ки ин ҳавзаҳо боз ба ҳам наздик шаванд, чунонки ин се ҳавза дар даҳаи панҷоҳуму шастуми қарни бист дар шеър якбора ба ҳам хеле наздик омаданд, шеъри нав, арўзи озод, тафаккури тозаи шоирона онҳоро ба ҳам наздик овард.
Ба ин далелҳо камина бар инам, ки адабиёти форсизабонони Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон имрўз се шохаи миллии як адабиёт аст. Ин адабиёт ҳаёти миллатҳоеро ба тасвир гирифтааст, ки агарчи шароити иҷтимоъии таърихии ташаккули онҳо аксаран дигар буд, бунёди ҳастии маънавию фарҳангии онҳо як аст.
Ягонагии забон ва бунёди адабии миллӣ, ягонагии устувори моҳияти таърихӣ сарчашмаи асосии ягонагии ин адабиёт аст.
9
Донишмандон аз таъсири фалокатбори ҳуҷуми муғулон ҷилдҷилд китоб навиштаанд. Нақши шуми он дар иқтисоди кишвар ва фарҳангу маориф ҳамаҷониба нишон дода шудааст. Аз ҷумла баъзе нуқсон ва равияҳои носолим, ки аз садаи 13-и мелодӣ дар забони форсӣ роҳ ёфт ва мо дар боло ишора кардем, аз наҳсияти муғулон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё