Хуросон аст ин ҷо

Вале дар айни ҳол риштаҳои пайванд, ки ин ду пораро аз ҳам дур шудан намегузоштанд, хеле пурзўр буданд. Агарчи он ду пораро ду адабиёт мегуфтем, ба ҳар ҳол ҳар дуро адабиёти олмонӣ меномидем, намегуфтем, ки яке аз инҳо адабиёти олмонӣ нест.
Байни ду пораи адабиёти олмонӣ як асоси умумии миллӣ мавҷуд буд, ки ҳардуро ба ҳам мепайваст.
Маълум аст, ки адабиёти халқҳои шўравиро «адабиёти шаклан миллӣ ва мазмуман сотсиалистӣ» ба қалам меоварданд. Яъне шакли миллии адабиёти ҳар кадоме аз ин халқҳо эътироф мешуд.
Шакли миллӣ ва дар бисёр мавридҳо асоси миллии адабиёти ҳар халқ аз байн нарафта буд. Камина муаллифи ин сатрҳо чандин сол масъалаи анъанаву навовариро дар насри реалистии адабиёти шўравии тоҷикӣ аз назар гузаронида, ҳар сари чанд гоҳ таъкид менамудам, ки агарчи насри реалистӣ, роман, қисса ва ҳикояи замонӣ дар адабиёти шўравии тоҷикӣ ба тамом чизи нав аст, ба реализми сотсиалистӣ тааллуқ дорад, яъне дар мазмун аксаран ё дар бисёр мавридҳо аз фармудаи дастгоҳи идеологии шўравӣ гардан натофтааст (ва ҳаргиз наметавонист гардан битобад), бо вуҷуди инҳо нақши анъанаҳои бостонии адабиёти Шарқ дар ин наср ба ғоят муассир аст, шакли миллии он ба ғоят пурзўр аст.
Метавон гуфт, ки насри нави реалистии тоҷикӣ чи дар шаклу чи дар мазмун асоси миллӣ дорад. Асоси миллии он гоҳ камтар ва гоҳ бештар падид меомад, вале ҳеҷ гоҳ аз байн нарафта буд. На танҳо наср, балки ҳама адабиёти шўравии тоҷикӣ чунин буд.
Ҳамин асоси миллии адабиёти тоҷикии кунунӣ аксаран дар байни адабиёти форсии Эрон ва даризабони Афғонистон муштарак аст, чизест, ки инро бо онҳо мепайвандад. Ва ин на пайванди андак ва ҷузъӣ ва ё гоҳ-гоҳӣ, балки куллӣ ва ҳамешагӣ буд. Ҷаҳонбинии иҷтимоъиву сиёсӣ ва мазмуни идеологӣ дар адабиёти шўравии тоҷикӣ аз адабиёти Эрону Афғонистон тафовути амиқе дошт, аммо бунёди миллӣ ва решаҳои таърихиву фарҳангии адабиётро дигар карда натавонист ва аз ин ҷиҳат адабиёти тоҷикӣ аз адабиёти Эрону Афғонистон дур нарафтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё