Хуросон аст ин ҷо

Ин гуногунрангӣ хилофи ягонагӣ нест, балки аз ғанои ҷилову тобишҳои он пайдо шудааст.
Аз ин рў метавон гуфт, қи адабиёти форсизабонони Эрон, Мовароуннаҳр ва Афғонистон дар қарнҳои 16-20 се шохаи як адабиёти бузург аст. Ба фикри мо он чиро, ки дар бораи ягонагии забони форсӣ дар ин се минтақа гуфта шуд, аз бисёр ҷиҳатҳо дар бораи адабиёти ин минтақаҳо низ метавон гуфт.
Чунонки маълум аст, дар Иттиҳоди Шўравӣ баъзе забоншиносони назарияпардоз ҳастии забонро марбут ба низоми иҷтимоъии кишвар, вобаста ба ин, ки ба чи ҷомеае хизмат мекунад, медонистанд. Онҳо даъво доштанд, ки чун он солҳо Олмон ду тақсим буд, ду забони олмонӣ вуҷуд дошта, яке ба ҷомеаи сотсиалистӣ ва дигаре ба ҷомеаи сармоядорӣ хизмат мекард. Яъне гўё забони олмонии сотсиалистӣ ва забони олмонии сармоядорӣ вуҷуд дошт. Аз ин қиёс баъзеҳо ҳатто забони русии пеш аз инқилоби сотсиалистии 1917 ва пас аз онро ду забон медонистанд.
Дар ин сурат албатта забони тоҷикони Осиёи Миёна, даригўёни Афғонистон ва мардуми Эрон се забон шумурда шуд. Ва ҳол он ки забони форсӣ сарфи назар аз фарқҳое, ки дар ин се минтақаи қаламраваш дошт ва дорад, ҳеҷ гоҳ аз ягонагӣ маҳрум набуд ва ба ин сабаб гуфтем, ки форсии Осиёи Миёна, Эрон ва Афгонистони кунунӣ се шохаи миллии як забон аст.
Дар адабиёт шояд вазъ андак дигар бошад. Дар ҳақиқат дар садаи бист дар Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна се адабиёти миллии форсизабон шакл гирифт. Ҳар кадоми ин адабиёт чун адабиёти миллӣ аз дигаре хеле тафовут дорад. Аз ҷумла адабиёти тоҷикӣ дар замони шўравӣ мазмунан нисбат ба адабиёти Эрон ва Афғонистон хеле дигар буд. Вале магар чизе, ки ин се адабиётро ба ҳам наздик орад ва муттаҳид кунад, ҳеҷ вуҷуд надорад?
Агар ба ин муносибат боз ба вазъи Олмони замони мо назар андозем, дар ҳақиқат пас аз ҷанги дувуми ҷаҳон адабиёти олмонӣ ҳам ду пора шуд ва ин ду пора ҳар чи бештар нишонаҳое пайдо мекард, ки нишонаҳои дурӣ ҷустан аз якдигар буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё