Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Турсунов ба ғоят ҷолиби диққатанд. Алҳақ, чунонки борҳо таъкид шуд, маънавият ва забон дар сарнавишти таърихии форсигўёни Эрон ва Хуросону Мовароуннаҳр аҳамияте фавқулъода дошта ва дар тўли қарнҳо дар сахттарин шароити таърихӣ на танҳо бақои умри онҳоро таъмин намуд, балки ягонагии фарҳангии онҳоро низ ба по ва устувор дошт. Маънавияти олӣ ва забони дороиафзое дар ҳама минтақаҳои сарзамини форсигўён таъсири харобкор ва ҷудоиандози омилҳои таърихиро бартараф ё кам карда решаҳои ҳастиву ҳамбудро амиқтар меронд. Маънавияти олӣ мардумро қувваи рўҳ мебахшид, забони қудратманд ҳамназдикӣ, ҳамгароиву ҳампайвандии онҳоро қувват медод. Ҳамин ду неруи бузург ягонагии адабиёти форсиро дар Эрону Мовароуннаҳри чанд асри охир нигоҳ дошт.
Алҳақ, месазад, ки мутахассисон ин масъаларо махсусан мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд ва бо мадорики мўътабаре бисанҷанд. Банда бар инам: Дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрон мо ҳама як мардумем, як забон ва як адабиёт дорем. Агар мардуми мо, забон ва фарҳанги мо дар як минтақа нисбат ба минтақаи дигар фарқе пайдо кардааст ва дорои баъзе вежагиҳост, инро аломати ғаномандӣ ва гуногуниву рангомезии дороиҳо бояд донист, на нишони ҷудоӣ ва бегонагӣ. Бисёре аз ин тафовутҳо ва нобаробарии сатҳи рушди адабӣ, ки гоҳ дида мешавад, вобаста ба шароити иҷтимоъии минтақаҳост. Ҳар рўйдоди бузург, ки як масоҳати паҳноварро дар бар овардааст, ҳатман дорои чунин ҳаррангӣ ва

1 А. Турсунов. Исторические судьбы культур разделенных наций (Тақдири таърихии фарҳанги миллатҳои чандпора), маҷаллаи Ахбороти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, силсилаи шарқшиносӣ, 1991, № 3, саҳ. 16.
гуногуниву танаввўъ хоҳад буд.

пешина
аз 351
навбатӣ