Хуросон аст ин ҷо

Гумон меравад, ки ин равиш ба Мовароуннаҳр аз Эрон наомадааст, балки ба тақозои маслаки маорифпарварии тоҷикӣ пайдо шудааст.
Баргаштан аз сабки бедилӣ, майл пайдо кардан ба соданависӣ, рўй овардан ба «муҳовироти урфият» дар Мовароуннаҳр хоҳ аз бозҷустҳои эҷодии шоирони Эрон илҳом шуда, хоҳ ба тақозои вазъият мустақилона рўй дода бошад, ба ҳар ҳол аз монандӣ ва ягонагии муҳимтарин равандҳои адабии минтакаҳои гуногуни қаламрави забони форсӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ягонагии фарояндҳои адабии садаҳои охир дар Мовароуннаҳру Эрон ҳоло диққати муҳаққиқонро ҳар чи бештар ба худ мекашад. Баъзеҳо изҳор доранд, ки адабиёти форсии Мовароуннаҳр, Эрон ва Афғонистони кунунӣ на танҳо дар қарнҳои 9-15, балки дар қарни 16-19 низ як адабиёт аст.
Масалан Худоназар Асозода чунин ақида дорад. Аз номи китоби ў «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он», аз сарлавҳаи фасли якуми ин китоб, ки гуфтааст: «Барои адабиёту фарҳанг марзи сиёсӣ гузоштан норавост», метавон пайхаст кард, ки ў адабиёти Эрон, адабиёти даризабони Афғонистон ва осори адибони тоҷикизабони Мовароуннаҳрро дар садаҳои охир як адабиёт ба ҳисоб меорад.
Акбар Турсунов (А. Турсонзод) - ин муҳаққиқи нозукбин дар бораи адабиёти форсизабонони Мовароуннаҳру Эрони чор-панҷ садаи охир ба тафсил андеша ронда, дар охир чунин натиҷа гирифта буд, ки «оре, робитаҳои синхронии (ҳамзамони) ду шохаи адабиёти ягона (-и форсӣ) як андоза суст шуд, вале қатъ нагардид...
метавон гуфт, ки яклухтии таърихии фарҳанги халқҳои эронӣ (тоҷикон ва форсиён) то даҳаи сиюми садаи мо маҳфуз монд».1 Ба назари мо мулоҳизаву хулосаҳои А.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё