Хуросон аст ин ҷо

Наҷоти Исфаҳонӣ ба услуби паст, ки хилофи сабки ҳиндист, шеър гуфт, Волеҳи Доғистонӣ дар тазкираи «Риёз-уш-шуаро» мегўяд:
«Мир Наҷот... тарзи тозае ихтироъ кардааст, ки писанди табъи авом шуда, яъне табоеъи рўзмарраи аҷомира ва авбош ва бозориён гардида, ба тариқи гуфтугўи эшон бинои шоириро гузоштааст... Ба равиши ў рағбати тамом пайдо шуда, аксар ба ҳамон тарз моил гардида, татаббўи он менамоянд»1.
Чизе монанди ин, чизе, ки ба ин рўйдод аз баъзе ҷиҳатҳо андак монандӣ дорад, дар охирҳои қарни XIX дар Бухоро ҳам ру намуд.
Чун Аҳмади Дониш шоирону носиронро ба соданависӣ тарғиб кард, шоироне пайдо шуданд, ки гуфтугўи одии мардумро ба шеър дохил намуданд. Чунин шеър дар эҷодиёти Савдо, Музтариб, Ҳайрат, Айнӣ ва дигарон дида мешавад. Таваҷҷўҳ ба гуфтугўи одӣ боиси ғано афзудани забони адабӣ гардида, рўҳи халқро дар забону адабиёт қувват дод. Чунонки Волеҳи Доғистонӣ он равияро «тарзи тоза» ва «ихтироъ» номида буд, Шарифҷон-махдуми Садри Зиё ҳам дар «Тазкори ашъор» аз шеъри Айнӣ «тарзи наве» дидааст. Садри Зиё дар бораи Айнӣ мегўяд:
Ба тарзи наве чун сухангустар аст,
Зи ақрони худ дар сухан бартар аст.
Чи мазмуни ашъори ў ҷумла бикр,
Ки ҳаргиз касеро нарафтаст фикр.
Агар бингарӣ сар ба сар шеъри ў,
Зи мазмуни пешин набинӣ дар ў.
Чунонки камина дар китоби «Садриддин Айнӣ» (1978, саҳ. 25)
ва «Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ» (1987, саҳ. 29-31)
ишора карда будам, аз эҳтимол дур нест, ки Садри Зиё ин ҷо
1 Иқтибос аз Аҳмади Гулчини Маонӣ. Таърихи тазкираҳон форсӣ,
ҷ. 1. - Теҳрон, 1348, саҳ. 656.
бештар ҳамон унсурҳои сухани одии гуфториро, ки дар шеъри Айнӣ фаровон истифода шуда ба шеър сифати наве бахшидааст, дар назар дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё