Хуросон аст ин ҷо

Ҳақ ба ҷониби Худоназар Асозода аст, ки мегўяд: чун дар асри XIX ё оғози асри XX асари Зайнулобидини Мароғаӣ «Саёҳатномаи Иброҳимбек» аз Эрон, маҷмуаи Маҳмуди Тарзӣ «Аз ҳар даҳан сухане, аз ҳар чаман сумане» аз Афғонистон ба Мовароуннаҳр омада ба назари адибони ин кишвар расид, моли бегона нанамуд ва «барои хонандаи тоҷик моли худаш ба шумор мерафт»1.
Боз ҳам таъкид мекунем, ки чун аз рафтуомад ва робитаи адабиву фарҳангӣ дар байни Мовароуннаҳру Эрон сухан меронем, бояд дар ёд дошта бошем, ки ин робита гоҳ як падидаи зоҳирӣ, андаке огоҳии номунтазами тасодуфӣ бошад ҳам, дар баъзе мавридҳо хеле амиқ рафтааст ва ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳру Эронро моҳиятан ба ҳам наздик овардааст. На танҳо дар масъалаи сабки ҳиндӣ миёни Мовароуннаҳру Эрон дар қарни 17-18 ягонагии пурра мавҷуд аст, балки баъдтар ҷараёни маорифпарвариву равшангарӣ низ бо вуҷуди худвежагиҳои он дар Эрон, Афғонистон ва Мовароуннаҳр умумияти зиёде дорад. Оре, маорифпарвариву равшангарӣ дар ин се кишвар мувофиқи инкишофи таърихии ҳар кадоми онҳо шояд ба тамом мустақилона пайдо шуд, лекин дар айни ҳол шак нест, ки аз робитаҳои қавӣ бархурдор буд, монандиҳои зиёде дошт ва агар гўем, ки моҳиятан як буд, шояд хато нашавад.
Ин аст, ки бисёр равандҳои адабӣ дар Эрону Мовароуннаҳр умумият доштанд.
Ҳатто адабиёти бозгашт на танҳо дар ғарб ва маркази Эрон, балки дар нимаи дувуми садаи 19 дар Мовароуннаҳр низ ба шакле хос шурўъ шуд: адибони тоҷик бо ташвиқи Аҳмади Дониш - сарвари ҷараёни равшангарӣ аз печидагиҳои дандоншикани сабки бедилӣ рў гардонда, дар назму наср содагўӣ оғоз карданд. Аҷобат дар ин аст, ки чунонки пажўҳишгари тоҷик Мирзо Муллоаҳмадов ёдовар шуда буд, чун дар Исфаҳон бозгашти адабӣ оғоз ёфт, Мир
1 Х. Асозода. Адабиёти форсӣ ва се шохаи он. - Душанбе, 1991, саҳ.
16.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё