Хуросон аст ин ҷо

Ин аз шўҳрати азим ва қабулдошти ҳамагонӣ гувоҳӣ медиҳад.
Аз инҳо ошкор аст, ки Мовароуннаҳр ва Эрон ду ҳавзаи ҷудо ва дур аз якдигар набуд. Адабиёти форсигўёни ин ду кишвар робитаи қавӣ дошт.
Албатта монеаи сиёсӣ ва ғайра дар роҳи амиқрафти ин ҳамбастагиҳо зиёд буд. Яке аз онҳо нобуд шудани Марв аст «Марв (ва воҳаи он), ки яке аз марказҳои бостонӣ ва бузурги иқтисоду фарҳанги Хуросон ва яке аз бузургтарин марказҳои забони форсӣ (тоҷикӣ) буд, бо вазъи ҷуғрофии худ дар тўли чандин аср дар миёни аҳолии форсизабон (тоҷикизабон)-и Мовароуннаҳр ва аҳолии форсизабон (тоҷикзабон)-и Эрон муҳимтарин ҳалқаи пайвандгарӣ буд. Лашкари амири Бухоро дар охири қарни 18 ва аввали қарни 19 Марвро бо воҳааш хароб карданд ва боқимондаҳои аҳолии онро ба Бухорову Самарқанд кўчониданд ва сарзамини атрофи Марвро қабилаҳои сариқ ва такаи туркман ишгол карданд. Ба ин тарз охирни ҳалқаи пайванддиҳандаи вилоятҳои форсизабон (тоҷикизабон)-и Осиёи Миёна ва вилоятҳои форсизабон (тоҷикизабон)-и Эрон аз байн рафт».1 Шубҳае нест, ки нобуд шудани Марв зарбаи сахте ба забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар Осиёи Миёна ва Хуросон буд. Вале хушбахтона Марв «охирин ҳалқаи пайванд» набудааст ва муносибатҳои забонӣ, адабӣ, фарҳангӣ баъд аз он ҳам идома дошт.
Чи дар нимаи аввали садаи 19, чи дар нимаи дувуми он, яъне баъди истилои Русия, ба хусус дар ду даҳаи аввали садаи 20 рафтуомади мардуми Мовароуннаҳру Эрон ва табодули афкори адабӣ давом ёфт. Инро аз сафарномаи қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ «Савонеҳ-улмасолик» (1304-1887) ва сафарномаи Мирзо Сироҷи Ҳаким «Туҳафи аҳли Бухоро» (1913) мебинем.
1 И. М. Оранский. Введенис в иранскую филологию (Усули муқаддамотии филологияи эронӣ). - М., «Наука», 1988, стр. 284.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё