Хуросон аст ин ҷо

Устод Эраҷи Афшор низ аз маълумоти «Музаккир-ул-аҳбоб» - асари Ҳасани Нисории Бухорӣ ва тазкираи Насрободӣ натиҷа гирифтааст, ки тазкиранависони Мовароуннаҳру Эрон аз ҳаёти адабии кишвари якдигар огоҳӣ доштанд: «Аз Бухоро то Исфаҳон ва аз Балх то Табрез паҳнаи адабию фикрии удабову шуаро ва хушнависони форсизабон ва дигар сунуф (синфҳо)-и фарҳангманд буд ва онон бо дилпазирӣ меросу забони якдигарро мешинохтанд ва дарк мекарданд». Вай ин маъниро ба такрор таъкид кардааст:
«Ҷавҳари суханам ин аст, ки миёни удабову шуарои ҳамзабони ин паҳна ва он хитта (яъне Эрону Мовароуннаҳр - М. Ш. ) табодули шеър ва иртиботи фикрӣ ҳамеша барқарор буд, магар дар ин ҳаштод сол (яъне дар замони шўравӣ - М. Ш.)».1 Эраҷи Афшор дар бораи шўҳрати Шавкати Бухороӣ дар Эрон менависад: «Зоҳиран метавон гуфт, ҷунгу сафинае нест, ки аз қарни ёздаҳум ба баъд навишта шуда бошад ва шеъре аз ин шоири хушсухан дар онҳо наёмада бошад»2.
Мо ҳам метавонем аз шўҳрати шоирони Эрони садаи 16-18 ва
19 дар Мовароуннаҳр бисёр мисол орем. Вале ҳамин кофист, ки дар боло сухани устод Айниро дар бораи муносибати Сайидо ба шеъри Соиб овардем. Фақат илова менамоем, ки Соиб дар пеши ҳама аҳли адаби Мовароунаҳр маҳбубияти махсус дошт ва ҳанўз дорад. Ғайр аз ин, шеъри Нозим, Қассоб, Зуҳурӣ, Қоонӣ ва дигарон дар Мовароуннаҳр чунон машҳур будааст3, ки номи баъзе аз онҳо ҳатто дар «Шашмақом» дида мешавад ва ё баъзе бастакорони
1 Эраҷи Афшор. Рагаҳои пайванди ҳамешагӣ дар «Музаккир
-ул-аҳбоб» ва «Тазкираи Насрободӣ», маҷаллаи «Оянда», соли ҳаҷдаҳум, 1371 - 1992. № 7-12, саҳ. 314.
2 Ҳамон маҷалла, саҳ. 313.
3 Масалан ниг.: М. Муллоаҳмадов. Қоонии Шерозӣ. - Душанбе, «Доннш», 1992.
муосири мо ба шеъри онҳо оҳанг бастаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё