Хуросон аст ин ҷо

Осиёи Миёна барои ин ки шеъри Бедил, фалсафа ва сабки ў зуд шўҳрат пайдо кунад, заминаи густурдаи фарҳангӣ вуҷуд дошт.
Шўҳрати Бедил дар натиҷаи ҳамназдикии фарояндҳое, ки дар ҳавзаҳои фарҳангиву адабии ин ду кишвар ҷараён доштанд, сурат ёфт. Шахсияти Бедил, ақидаҳои фалсафӣ ва ирфонии ў, сабки бедилӣ чанд гоҳ чун як пайвандгари зўрманди адабӣ дар миёни Мовароуннаҳру Ҳинд хидмат адо кард.
Пажўҳишгарон бар инанд, ки муносибатҳои адабӣ дар байни Мовароуннаҳр ва Хуросон, ҳатто Шерозу Исфаҳон вуҷуд дошт.
Садриддин Айнӣ таъкид карда буд, ки баъди садаи 16 муносибатҳои расмии сиёсии Мовароуннаҳру Эрон қатъ гардид, аммо ҳамкории адабӣ давом дошт. Айнӣ соли 1934 гуфта буд:
«Мухаммас кардани Сайидои Бухороӣ-Насафӣ қариб 25 фоизи шеърҳои Соиби Табрезӣ-Исфаҳониро, дар Эрон сафар карда, дар Эрон тамом кардани Шавкати Бухороӣ девони худро, то Исфаҳон сайр карда омада тазкираи шуарои ҳамсўҳбат шудаи худро навиштани Малеҳои Самарқандӣ аз мисолҳои ин муносибати ғайрирасмист»1.
Дар тазкираи Малеҳо «Музаккир-ул-асҳоб» дар бораи 56 шоири Эрон маълумот омадааст, ки аз Исфаҳон 17 нафар, аз Кошон - 14, аз Сабзавор - 5, аз Нишопур - 3, аз Қум - 2, аз Гелон - 2 нафар номбар шудааст. Зафари Юсуфӣ - муҳаққиқи тазкираи Малеҳо мегўяд: «Аз тазкираи Малеҳо чунин бармеояд, ки ҳатто дар нимаи дуввуми асри XVII шоирони тоҷикзабони Осиёи Миёна ва форсизабони Эронро аз ҳам ҷудо кардан нашояд. Шоирони Эрон ҷиҳатҳои мазҳабиро сарфи назар карда, умумияти забониро дар мадди назар мегузоранд».2
1 С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. II, қ. 1, саҳ. 189.
2 Зафари Юсуфӣ. Малеҳо ва ҳавзаи адабии Эрон, маҷм.:
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ - падидаи бузурги фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ. Душанбе - Теҳрон, 1377 - 1994, саҳ. 119-120.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё