Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пеш аз ҳама забони ягона (ки ба қавли Айнӣ, чунонки дидем, дар минтақаҳои гуногун «фарқи асосӣ» надорад) ва анъанаҳои устувори фарҳангию маънавии бостонӣ адабиёти минтақаҳои гуногунро ба ҳам пайванд дода, он чи ҳамбуду ваҳдати маънавии мардумро фароҳам меовард, адабиётро низ ҳамгунӣ, ҳаммазмунию ҳамшаклӣ мебахшид.
Дар бораи ин ки адабиёти форсизабонони Мовароуннаҳр дар садаҳои 16-18 бо адабиёти форсии Ҳинд робитаи қавӣ дошт, ҷои шубҳа нест. Агарчи дар ин муддат дар Осиёи Миёна ҷангҳои дохилӣ ва ҳамлаи қавмҳои гуногуни турку муғул барои ривоҷ додани муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ бо кишварҳои дигар кам имконияте боқӣ гузошта буданд, ба ҳар ҳол чунин муносибатҳо қатъ нашуда буд. Гап дар ин нест, ки миёни Мовароуннаҳру Ҳинд робитаи адабӣ вуҷуд дошт. Гап дар ин аст, ки чизе зиёдтар аз робитаи адабӣ дар миён буд. Адабиёти форсии Ҳинду Мовароуннаҳр пас аз садаи 16 бештар ба ҳам наздик шуд.
Профессор Е. Э. Бертелс гуфта буд: «Адабиёти ҳиндӣ ва адабиёти Осиёи Миёна аз қарни 16 аломатҳои монандии куллӣ (черты большого сходства) аз худ нишон доданд».1 Алҳақ, миёни адабиёти форсии Осиёи Миёна ва Ҳинд дар баъзе риштаҳо ҳамгунии куллӣ ба чашм мерасад. Инро аз инкишофи сабки ҳиндӣ мебинем. Сабки ҳиндӣ дар Ҳинд, Эрон ва Осиёи Миёна тақрибан ҳамзамон густариш ёфта, хусусияти ҳамагонии он бештар аз вежагиҳояш дар ҳар кишвар ё дар сабки ҳар шоири бузург буд. Метавон гуфт, ки сабки ҳиндӣ яке аз пуртавонтарин омилҳое буд, ки адабиёти форсии Ҳинд, Эрон ва Мовароуннаҳрро ба ҳам мепайваст ва байни онҳо ягонагӣ эҷод менамуд. Тасодуф нест, ки Абулқодири Бедил дар Мовароуннаҳр зуд шўҳрате азим ва нуфузе қавӣ пайдо кард. Дар

1 Е. Э. Бертельс. Литература на персидском языке в Средней Азии,
сб. Советское востоковедение, V. - М. - Л., 1948, стр. 200.

пешина
аз 351
навбатӣ