Хуросон аст ин ҷо

Ин кор ба эътирози расмии Эрон рў ба рў шуд. Чун хавфи ҷанҷоли сиёсӣ пеш омад, М. Турсунзода ва ҳамфикрони ў аз даъво гузаштанд.
Ин аст, ки хушбахтона он каҷравӣ зуд ислоҳ шуд ва боиси каҷфаҳмии мардуми тоҷик нагардид, натавонист худшиносии таърихии миллатро ба роҳи нодуруст барад. Ёди таърихию фарҳангиву маънавии тоҷикони Осиёи Миёна имрўз ҳам ба ҳамон назария, ки истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик»-ро ба миён оварда буд, поя дорад ва бешубҳа ин фаҳмиш аз ҳақиқати воқеъӣ дур нест.
Имрўз, ки дар Тоҷикистон ба шарофати дигаргуниҳои бузурги иҷтимоъиву сиёсии солҳои ҳаштоду навад ба дирўзу парирўзи худ бо биниши тозае назар афканда, навбаҳоӣ пеш гирифтаем, ба фикри мо зарурате ҳам ба миён омадааст, ки ба масъалаи номи адабиёти давраи баъди садаи 15 низ бо навназарӣ нигарем.
Баъзе аз донишмандони Тоҷикистон бар инанд, ки ба адабиёти Мовароуннаҳри баъди қарни 15 ҳам сифати «форсӣ»-ро метавон нисбат дод. Дуруст аст, ки марзҳои сиёсӣ ва тафриқаи мазҳабӣ баъди асри 15 миёни Эрону Афғонистону Мовароуннаҳр ҷудоӣ андохт ва робитаро кам кард, вале инҳоро ба тамом аз ҳам ҷудо накард ва робитаро қатъ насохт. Ба назар мерасад, ки фарқе, ки дар адабиёти ин се минтақаи қаламрави забони форсӣ дар садаҳои 16-
17 ва 18-19 пайдо шуд, аз он чи онҳоро ба ҳам мепайвандад, зиёдтар нест. Адабиёт дар Исфаҳону Шерозу Табрез ё ки Хуросону Мовароуннаҳр ва Ҳинд албатта шаклқои маҳаллӣ гирифт, масалан дар мавзўъу масъалаҳо ва дар забон кам ё беш аз ҳам тафовут дошт, вале чунин тафовутҳо пеш аз асри 15 ҳам мавҷуд буданд. Баъди садаи 15 чунин ихтилофот бештар шуда бошад ҳам, моҳияти аслӣ ҳамон буд, ки буд. Он чи адабиёти он минтақаҳоро ба ҳам мепайваст ва ба воҳиди кул табдил медод, ҳаргиз кам нашуда, ҳамчунон аз беху реша ғизо медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё