Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале дар ҳамин сурат ҳам банда дар ягон навиштае надидаам, ки гуфта бошанд: эрониёни кунунӣ ба адабиёти Мовароуннаҳри баъди қарни 15 ҳақ надоранд. Чунин гузориши масъала дар миён набуд. Мақсад аз вазъи истилоҳоти «забони тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ» на тақсими мероси ниёгон, балки фақат собит кардани ҳуқуқи тоҷикон ва ноил шудан ба эътирофи он буд.
Дувум. Ҳақиқатан замоне дар Тоҷикистон шахсоне (на зиёд, ҳамагӣ як-ду нафар) будаанд, ки тамоми адабиёти форсиро «адабиёти тоҷик» номиданд, яъне танҳо мутааллиқ ба тоҷикони кунунӣ донистанд. Агар хато накунам, ин даъво дар ҳудуди солҳои чилу панҷоҳ пайдо шуд. Донишманди эронӣ дуктур Иноятуллоҳи Ризо соли 1992 дар як нишаст, ки дар манзили ин камина сурат гирифт, нақл кард, ки он вақтҳо «Мирзо Турсунзода мегуфт:
Ҳофизу Саъдӣ тоҷик ҳастанд». Дуктур Ризо, ки бо эътироз аз ў пурсида буд чаро инонро тоҷик мехонӣ, дар посух гуфта буд: ба хотири ин ки алъон дар Эрон як давлати иртиҷоъӣ бар сари кор аст, ҳар вақт, ки давлати мутараққӣ биёяд, мо инонро пас медиҳем»1.
Ин каминаи муаллиф низ дар ёд дорам, ки М. Турсунзода гуфта буд: халқи Эрон ҳар гоҳ инқилоб кунад ва мисли тоҷикон озод шавад, ба мероси адабӣ ҳақ пайдо мекунад.
Албатта ин як сиёсатбозӣ буд, ки мутаассифона бенатиҷа намонд. Шарқшиноси маъруфи рус Евгений Бертелсро маҷбур

1 Ниг.: Чингизи Паҳлавон. Нигоҳе ба гирдиҳамоии форсизабонони чаҳон. Гузориши як сафар. Маҷаллаи «Килк», 1371-1992, № 31, саҳ. 36.
карданд, ки дар Донишномаи бузурги шўравӣ (Большая советская энциклопедия) Фирдавсиро «шоири бузурги тоҷик» қаламдод кунад.

пешина
аз 351
навбатӣ