Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

187).
Шояд баъзе аз шахсони дигар низ чунин пиндоре дошта бошанд ва ё минбаъд чунин пиндоре пайдо кунанд. Ин андеша андешаи ботил аст. Аз аввал, аз соли 1924 то имрўз, ки дар Тоҷикистон истилоҳоти «забони тоҷикӣ», «адабиёти тоҷик», «маданияти тоҷик» ва монанди инҳо вазъ шуд ва ба кор меравад, нияти ғасбкорӣ, нияти маҳрум кардани эрониёни кунунӣ аз мероси фарҳангӣ ё як қисми он дар миён набуд. Мақсад фақат барқарор овардани ҳуқуқи таърихии тоҷикони Осиёи Миёна ба ин мероси муштарак буду бас.
Ба ин муносибат ду ҷиҳати масъала эзоҳ мехоҳад. Якум.
Истилоҳоти «забони тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ», ҳатто «адабиёти форс-тоҷик» дар Тоҷикистон истилоҳоти мавҷудаи «забони форсӣ» ва «адабиёти форсӣ»-ро аз байн набурдааст. Ин истилоҳот ҳам эътироф ва истифода мешуд. Истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» ба давраҳои қадим ва асрҳои Миёна - то охири садаи
15 татбиқ шуда буд. Азбаски аз садаи 16 ба баъд байни Осиёи Миёна ва Эрон ҷудоие руй дода, ихтилофе афтод ва марзҳои сиёсӣ устувор гардиду тоҷикони Мовароуннаҳр маҷбур шуданд як андоза ҷудо аз эрониёни вилоятҳои дигар роҳи таърихӣ пеш бигиранд ва забону адабиёту фарҳанги онҳо ҳам аз он чи дар Эрон дида мешуд,

1 Ҷалоли Матинӣ. Дар бораи форсӣ лангвиҷ, маҷаллаи «Эроннома, соли шашум, 1366-1988, №2, саҳ. 187.
як дараҷа фарқ пайдо кардан гирифт, чун дар охири даҳаи сиюми қарни бист истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» таъсис шуд, ба адабиёти ин давра итлоқ нагардид ва адабиёти Мовароуннаҳри баъди асри 15-ро «адабиёти тоҷик» номиданд, яъне адабиёти Мовароуннаҳри баъди садаи 15 фақат мутааллиқ ба тоҷикони Мовароуннаҳр дониста шуд.

пешина
аз 351
навбатӣ