Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зеро мардуми эронитабори Осиёи Миёна дар садаи бист, дар замони шўравӣ бо номи «тоҷик» миллат шуданд, миллияти онҳо, кишвари онҳо, ҳама ҳастии имрўзии онҳо ба аҳли олам ба ҳамин ном шинос омад. Бино бар ин чун забони худро «забони форсии тоҷикӣ» ном мебарем, як шохаи миллии забони форсиро дар назар дорем, ки ба миллати мушаххасе нисбат дошта, дорои вежагиҳои таърихӣ ва миллист.
Унвони «забони форсии тоҷикӣ» моро ба ҳақиқати ҳастии кунунии худ, ба ҳақиқати сарнавишти иҷтимоъиву таърахии миллати тоҷик мерасонад.
Шояд рўзе расад, ки барои илова кардани вожаи муайянкунандае ба унвони «забони форсӣ» дигар эҳтиёҷ намонад ва мо дигар таъкидан «форсии тоҷикӣ», «форсии кобулӣ» ё «дарии Афғонистон» ва ҳоказо нагўем. Мутаассифона имрўз чунин эҳтиёҷе ҳаст. Имрўз беҳтар он аст, ки ҳар шохаи миллии забони форсии кунунӣ номе дошта ё дар номаш мансубияти миллии он ишора шуда бошад.

8

Мутаассифона оқои Ҷалоли Матинӣ аз таърихи пайдоиши
истилоҳоти «забони тоҷикӣ», «адабиёти тоҷик», «адабиёти форстоҷик», ки зикр шуд, бехабар будааст ва онҳоро дуриҷўиву
ҷудоихоҳӣ аз хонадони форсиён дониста, тафриқаафканӣ байни
бародарони ҳамзабони тоҷику афғону эронӣ» номидааст. Вай
мегўяд: «Донишмандони ин ду кишвар (яъне Тоҷикистону
Афғонистон - М. Ш.)… ҳар як ба таври ҷудогона муддаъӣ
гардидаанд, ки тамоми адабиёти як ҳазору саду панҷоҳсолаи
«форсӣ» мунҳасиран мулки тилқи эшон аст ва шоирону
нависандагону олимони эронӣ, ки осори худро дар ҳазору як саду

панҷоҳ соли гузашта ба забони форсӣ суруда ё навиштаанд, бе қайду шарт дар як ҷо «афғонӣ» муаррифӣ мешаванд ва дар ҷои дигар «тоҷикӣ» ва ба мисдоқи зарбулмасали маъруфи «Алӣ мондаасту ҳавзаш» Эрон дар чаҳордаҳ қарни охир мондааст ҳатто бе як шоиру нависандаву олим!».1 Оқои Ҷалоли Матинӣ бо ҳамин изтироб ин гуна натиҷа гирифтааст: «Шоирону нависандагони форсизабони моро афғонон ва тоҷикон байни худ тақсим кардаанд» (саҳ.

пешина
аз 351
навбатӣ