Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мутаассифона дар ин роҳ мумониат ҳанўз зиёд аст. Сахттарини монеаҳо монеаи сиёсист, ки ҳанўз дар ҳар қадам аз пеш мебарояд.
Соли 1989 дар натиҷаи дархосту пофишории мардум лозим омад, ки дар Тоҷикистон ба номи «Қонун забон» як санади давлатӣ содир шавад, то ки забони тоҷикӣ забони расмии давлатӣ бошад ва барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоъӣ дар ҷомеа ҳақ пайдо кунад. Чун лоиҳаи ин қонун омода мегардид, пешниҳод шуд, ки «Қонуни забон» - ин ҳуҷҷати расмии давлат номи аслии забони моро аз нав барқарор кунад, яъне чунонки дар номи адабиёти классикӣ калимаи «форс» аз нав барқарор шуд ва адабиёти мо «адабиёти форс-тоҷик» ном гирифт, ҳамчунон забони мо дар ин ҳуҷҷат забони форсии тоҷикӣ номида шавад. Ин пешниҳод аз баъзе зиёъиён, хусусан аз сарварони шўравии кишвар хеле муқобилат дид.
Охируламр котибони якум ва дувуми кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ки он вақт дар сари қудрат буданд, розӣ шуданд, ки номи забони мо «забони тоҷикӣ (форсӣ)» навишта шавад. Аз ин рў моддаи якуми Қонуни забон чунин омадааст:
«Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад».
Чунин навишти номи забони миллии тоҷикони Осиёи Миёна бо Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба номи аслии забони худ, ки дар тўли асрҳо «забони форсӣ» ном дошт, хеле наздик овард. Мо ба сўи асли худ як қадами дигар гузоштем.
Шароити таърихии номусоид дар даҳаи бистум моро маҷбур карда буд, ки номи забону адабиёти худро дигар кунем. Имрўз ки он шароити номусоид дар миён нест ва дар бисёр масъалаҳо ихтиёр дар дасти худамон аст, зарур аст, ки он дигаргуниҳои маҷбурии солҳои бистро ислоҳ намоем, аз ҷумла номи аслии забони худро барқарор созем.
Ба ақидаи камина имрўз ба номи аслии таърихии забони мо илова шудани калимаи «тоҷик» зарур аст ва онро «забони форсии тоҷикӣ» номидан ба ҳақиқати таърихии кунунӣ муносибтар аст.

пешина
аз 351
навбатӣ