Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод Айнӣ аз ин ҷавоб ва қабулдошти зиёъии эронӣ аз ин, ки дар Эрон ҳам тарафдорони содагии забон ҳастанд ва тоҷиконро дастгирӣ хоҳанд кард, рўҳбаландӣ ёфта, дар охир навиштааст: «Агар муроди пурсанда аз забони форсии умумӣ забони матбуоти имрўзаи Эрон бошад, на ин ки забони матбуоти тоҷик рафта-рафта ба вай наздик хоҳад шуд, балки дер аст ё зуд, забони матбуоти имрўзаи Эрон ба сода кардани худ ва наздик шудан ба авоми худ маҷбур хоҳад шуд, ки ин мешавад забони форсии сода, забони тоҷикӣ - забони зинда дар байни авоми имрўза»1.
Ба ин тарз Айнӣ бовар дошт, ки форсии адабии Эрон ва забони тоҷикӣ кам-кам ба ҳам наздик хоҳад шуд ва ин ҳамназдикӣ аз роҳи наздик шудан ба мардум фаро хоҳад расид. Ин фикрро имрўз ҳам метавон дуруст ҳисоб кард. Имрўз ҳам забони адабии форсии тоҷикӣ ба тоҷикигўёни Осиёи Миёна ҳар чи наздиктар бошад, яъне дороиҳои бепоёни забони умумии халқ, худвежагиҳои ин забонро ҳар чи бештар фаро бигирад ва табиъияти мардумию классикии худро ҳар чи зиёдтар устувор дорад, ба форсии асили Эрону Афғонистони имрўз наздиктар хоҳад буд. Мо тоҷикон на танҳо дар забон, балки дар ҳама риштаҳои фарҳангу маънавият умуман ба асли мардумӣ чи андоза наздиктар биёем, ба ҳамон андоза ба Эрону Афғонистон наздиктар хоҳем буд. Ҳамназдикии Тоҷикистону Афғонистону Эрон аз роҳи дилҳои мардум ба даст хоҳад омад ва аҳли зиё аз ҳама пештар дили мардуми худро бояд бишиносанд, то битавонанд аз дил ба дилҳо раҳе бикашанд.
Дар шароити таърихии охири қарни бист то ҳадди имкон ба ҳам наздик шудани забони форсии тоҷикӣ, форсии Афғонистон (дарӣ) ва форсии Эрон зиёда зарур аст, то ки дороиафзоии мутақобили фарҳангии кишварҳои мо бештар густариш ёбад.

1 Ҳамон асар, саҳ. 351, 352, 355.

пешина
аз 351
навбатӣ