Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Шоҳнома» он гуна луғатҳои форсӣ ва бо он гуна талаффуз кор фармуда шудаанд, ки имрўз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд, аммо дар миёни тоҷикон зинда аст. Баъзеи онҳоро «сухани кўчагӣ» гўён ҳатто баъзе тарҷумон ва адибтарошони тоҷик ҳам кор намефармоянд. Аммо Фирдавсӣ кор фармудааст ва тоҷикон ҳам бо вай гап мезананд»1. Пас чун мушт - намунаи хирвор
55 калимаро бо шарҳу эзоҳе мисол овардааст, ки «дар байни забони зиндаи тоҷик ва «Шоҳнома» муштарак буда, дар адабиёти имрўзаи Эрон кор намефармоянд ё кам кор мефармоянд».
Ин аст, ки Айнӣ дар забон ҳам Фирдавсиро ба тоҷикони кунунӣ ва гузаштагони ҳазорсолаи онҳо сахт алоқаманд дониста, барои исботи ин матлаб хеле кўшиш ба кор бурдааст. Асоси ин китобчаи Айнӣ ҳамон мақолаи ўст, ки соли 1934 ба муносибати ҳазораи Фирдавсӣ навишта шуда буд. Он вақтҳо ягон адабиётшиноси Осиёи Миёна ва шарқшиноси Русия розӣ намешуд бигўянд, ки миёни тоҷикони кунунӣ ва Фирдавсӣ робитае ҳаст, инҳо ба якдигар нисбате доранд. Мегуфтанд, ки чун Фирдавсӣ ё Хайём ва ё Абдураҳмони Ҷомӣ аз хоки Тоҷикистони ҳозира ё лоақал аз Бухорову Самарқанд нестанд, ба тоҷикон ва аҷдоди онҳо робитае надоранд.. Марзҳои сиёсии сунъиву сохтаи замони мо сарҳадди мероси миллӣ ва андўхтаҳои адабию фарҳангии халқҳо дониста мешуд. Ҷуғрофияи таърихиро ба назар намегирифтанд, ин ҳақиқат ки дар таърих гоҳ ҳудуди миллӣ ва марзҳои сиёсии давлат аз ҳам хеле фарқ мекунанд, эътироф намешуд. Айнӣ нодурустии чунин рафторро пештар аз дигарон дарк кард. Дар охири даҳаи сӣ ў оҳиста оҳиста ба ҳақиқати таърих бештар наздик омад. Нишонаҳои ин дигаргунии фаҳмиш аз китоби Айнӣ «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў дида мешавад. Ин рисолаи ў ба шакли китоб соли 1940 баробари китоби ў «Устод Рудакӣ» аз чоп баромад. Дар як

1 Ҳамон асар, саҳ. 44.
вақт ба табъ расидани ин ду китоб маънои ҷудогона пайдо карда, робитаи назарӣ ва дорои як фикри илмӣ будани онҳоро барҷастатар падид овард.

пешина
аз 351
навбатӣ