Хуросон аст ин ҷо

Гуфтан мумкин аст, ки бештарин шеърҳои Рўдакиро тоҷикони имрўза ба осонӣ мефаҳманд. Ҳар гоҳ ки касе аз шеърҳои ў: «Аёл не, зану фарзанд не, маунат не…» барин мисраъҳоро хонад, шунаванда гумон мекунад, ки як деҳқони нохондаи тоҷик ба ҳамдеҳаи худаш гап зада истодааст.1 Аз ин иқтибос равшан мешавад, ки Айнӣ дар шеъри Рўдакӣ хусусиятҳои форсии дариро таъкид кардааст ва он хусусиятҳоро вобаста ба мардуми тоҷиқ ба дирўзу имрўзи онҳо дидааст. Вай такрор ба такрор мегўяд, ки «шеърҳои Рўдакӣ бисёр содда ва табиист ва бар болои ин бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар аст» (саҳ.
148). Айнӣ инро аломати бузургӣ медонад. Ба ин тарз падидаҳои бузургии Рўдакӣ ба миллати тоҷик ва ҳаёти маънавии кунунии вай, яъне аз ҳазор соли пеш то имрўз ба таърихи дуру дарози тоҷикон алоқамандй пайдо карда, ба зиндагии рўзмарра ва одитарин хусусиятҳои лаҳҷаи онҳо вобастагӣ ёфта, чун нишонаи бузургии ин миллат намудор меояд. Чунонки Айнӣ дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» гўё рў ба рўи туркпарастон истода миллати тоҷикро «як қавми бузург» номида, барои исботи ин бузургӣ кўшида буд, дар китоби «Устод Рўдакӣ» ва баъзе асарҳои дигар ҳам мақсади ў ҳамин аст.
Инро аз китобчаи «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў»
низ мебинем. Айнӣ дар ин асар бо унвони «Муносибати забони «Шоҳнома» ба забони тоҷикӣ» фасли алоҳида кушода, дар масъалаи забон ҳам миёни Фирдавсӣ ва тоҷикон як риштаи пайванд ба устувории тамом мекашад. Устод дар бораи «Шоҳнома» мегўяд: «На ин ки сар то пои он ба оммаи тоҷикон фаҳмост, балки бештарини онҳо (вожаҳо - М. Ш.) имрўз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешаванд; ҳатто дар
1 С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. II, қ. I, саҳ 148.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё