Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Айнӣ «Шоҳнома»-ро чи дар мазмуну мундариҷа ва чи дар шаклу забон пайоварди ҳамон равандҳои таърихи медонад, ки Рўдакиро ҳам ба майдон оварда буданд. Он чи Айнӣ дар бораи шеъри Рўдакиву Фирдавсӣ, аз ҷумла дар ҳаққи забони онҳо мегўяд, чунонки дар боло дидем, бисёр ба ҳам монанд аст. Ба гуфти ў забони Рўдакӣ ва Фирдавсӣ ҳарду як руйдоди таърихист, маҳсули равандҳои ягона аст. Ин равандҳои таърихӣ чунонки тоҷикони кунуниро ба Рўдакӣ мепайванданд, ба Фирдавсӣ ва «Шохнома»-и безаволи ў ҳам пайванд медиҳанд. Ин равандҳо дар ҳарду тарафи Ому баробар ҷараён дошта баъдтар сарзамини паҳновареро фаро гирифт ва тоҷикони Осиёи Миёна дар маркази рўйдодҳои бузурги ин паҳно қарор ёфта, силсилаҷунбони мўъҷизаҳои фарҳангие будаанд ва имрўз ба ҳамаи падидаҳои он ҳаққи меросхўрӣ доранд - ҳамин аст фикри асосии устод Айнӣ дар асарҳои илмии ў, хусусан дар китобчаҳое, ки дар бораи Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино ва Саъдӣ навиштааст.
Ин аст, ки охири даҳаи сиюм устод Айнӣ истилоҳи наве пеш ниҳод. Вай ақида пайдо кард, ки адабиёти классикии садаҳои IX- XV дар ҳама минтақаҳои қаламрави забони форсӣ адабиёти ягона аст, қатъи назар аз ин ки дар Мовароуннаҳру Хуросон ё маркази Эрон ва ё ғарби он ба вуҷуд омадааст, як адабиёт аст ва онро ба адабиёти тоҷикӣ ва форсӣ наметавон тақсим кард. Айнӣ бовар ҳосил намуд, ки эрониён ва тоҷикони имрўз ба ин адабиёт баробар ҳақ доранд ва бино бар ин онро «адабиёти форс-тоҷик» бояд номид.
Пешниҳоди ин истилоҳ чунин маънӣ надошт, ки эрониёни имрўзӣ ҳам бояд ҳатман онро қабул кунанд ва адабиёти худро минбаъд чунин биноманд. Не, ин истилоҳ танҳо барои Тоҷикистон ва кишвари шуравӣ пешниҳод гардид ва зарур дониста шуд, ки онро дар Маскав, дар доираҳои расмӣ ва илмии шарқшиносии он, дар дигар ҷумҳуриҳои шўравӣ, чунончи дар Ўзбекистон, ки фикри бисёр касон ҳануз олудаи заҳри пантуркизм буд, бояд бипазиранд, то ки иштироки аҷдодони халки тоҷикро дар он адабиёти оламшумул, ки ба номи «адабиёти форсӣ» машҳур аст, эътироф намоянд ва иқрор шаванд, ки миллати тоҷик ба як мероси адабии бузурге ҳақ дорад.

пешина
аз 351
навбатӣ