Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Донишмандони замони мо аз сарчашмаҳои таърихӣ чанд далелу санад ба даст овардаанд, ки пеш аз исломият дар Хуросон, аз ҷумла дар Мовароуннаҳр ривоҷ доштани форсии дариро гувоҳӣ медиҳад, ҳама далолат бар он мекунад, ки форсии дарӣ дар Хуросон, аз ҷумла дар Мовароуннаҳр пеш аз исломият ривоҷ дошт.
Аз ҷумла шеъри ҳиҷоии монавиён, ки аз харобаҳои Турфон пайдо шуда буд, ё суруди оташкадаи Куркўй, ки дар «Таърихи Сиистон» зикр шудааст, ба гуфти маликушшуаро Баҳор аз осори забони дарӣ дар давраи сосонист. Чунонки Шафеъии Кадканӣ дар мақолаи «Кўҳнатарин намунаи шеъри форсӣ» («Яке аз хусравониҳои Борбад») овардааст, Борбад, ки хуросонист, дар аҳди Сосониён дар ситоиши Хусрави Парвез суруди хисравонӣ мехонд, ки ба забони дарӣ будааст. Ин ҳам басо ҷолиб аст, ки чун арабҳо соли 56 ҳ. 676-и мелодӣ ба Мовароуннаҳр ҳамла карданд, чунонки Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» овардааст, сардори арабҳо Саъид бинни Усмон ба маликаи соҳибҷамоли Бухоро ошиқ шуд ва мардуми Бухоро дар бораи ишқи ў шеър гуфтанд, ки ба форсӣ будааст. Устод Зарринкўб порае аз ин шеърро аз китобе ба даст овардааст.1 Он ду пора шеър, ки «ба забони бухорӣ», «ба забони хуросонӣ»
сурудаанд, ин аст:

Кўри хамир омад,
Хотун дурўғ канда (?)

Баъзе донишмандон дар бораи ин ки ин байтро чи тавр бояд
хонд ва аз он чи маъние метавон кашид, мулоҳизаҳои ҷолиб баён

1 Абулҳусайни Зарринкуб. Суруди аҳли Бухоро, кўҳнатарин намунаи шеър ба забони форсӣ, маҷаллаи «Яғмо». соли 11-1337, саҳ. 289-293.
кардаанд ва мисраъи якумро «Гў вар хамир омад» хондаанд.1 Шояд маънидодҳои дигаре ҳам ҷоиз бошад.

пешина
аз 351
навбатӣ