Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пеш аз он ки дар бораи хусусиятҳои форсии дарӣ ва сарнавишти таърихии он чизе бигўем, лозим аст, ки ишорае бар чигунагии пайдоиши он бикунем.
Мегўянд, ки форсии дарӣ ба Хуросон, аз ҷумла ба Мовароуннаҳр бо лашкари араб омад, яъне дар садаи ҳафту ҳашти мелодӣ пайдо шуд ва аз омезиши забони паҳлавӣ ва забони арабӣ ҳосил гардид. Ин ақида хусусан ба таблиғгарони пантуркизм ва назарияи тўронизм маъқул афтодааст. Онҳо даъво мекунанд, ки ҳама халқҳову қавмҳои Тўрон дар асл турканд ва масалан тоҷикон низ турк буда, забони форсиро аз истилогарони араб, аз ислом ва мактабу мадрасаи он қабул намудаанд ва акнун ин халқҳо, аз ҷумла тоҷиконро боз ба асли худ, ба туркият баргардонидан лозим аст.
Ин даъвоҳо аз оғози қарни бист садо медиҳанд, лекин ба вежа дар даҳаи бистуми қарни мо, ки дар Осиёи Миёна руҳияи ғасбкории пантуркистӣ ва шовинизми бузургўзбекӣ иқтидори сиёсӣ пайдо кард, ба сари тоҷикон хавфи калоне омад. Аз нимаи даҳаи ҳаштоди садаи бист, ки нишонаҳои ларзиши пояҳои импиротурии шўравӣ падидор шуд, он даъвоҳо боз аз ҳар сў ба гўш расидан гирифтанд.
Чунонки ҳамреша донистани вожаҳои «турк» ва «Тўрон» ба тамом нодуруст аст (ва ин дар илм чандин бор таъкид шудааст1), чунин пиндор ки форсии дарӣ бо лашкари араб ба Осиёи Миёна омадааст ва онро махлуте иборат аз омезиши паҳлавии сосонӣ ва арабӣ бояд донист, аз ҳақиқат дур менамояд.

1 Аз ҷумла ниг.: М. Шукуров. Агар ба тарозуи инсоф бисанҷем, рўзномаи «Садои мардум», 24 апрели 1991; Ю. Яъқубов. Тўрон ва тўрониён. дар маҷмўаи: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ падидаи бузурги фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ». - Душанбе-Теҳрон, 1994-1373, саҳ. 116-118.

пешина
аз 351
навбатӣ